Мулоқот бо Раисони махаллахои шаҳр

ПАНҶАКЕНТ: Ташкил гардидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки мақсадашон ноором сохтани авзои сиёсии давлатҳо бо сӯистифода аз эътиқоди динӣ гумроҳсозии ҷавонон мебошад, аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мешаванд. Ҳамаи ин нооромӣ ва хунрезиҳо моро ҳушдор медиҳад, то баҳри ҳифзи амну осоиштагии Тоҷикистони азиз чораҳои зарурӣ андешем. Бо мақсади  ба мардум расонидани муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  бо 18 нафар  раисони махалаҳои шаҳр мулоқот доир гардид. Дар он Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент П. Тошева  оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, терроризм  экстремизм ва падидаҳои номатлуб  сухан ронд. Дар охир раиси маҳаллаи Азизобод Асомов О. қайд намуд ки мо дар байни ҷавонон оиди пешгирии  ин падидаҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаем ва кӯшиш менамоем ки ҷавононро ба ҳисси вадандӯсти хештаншиносӣ  шомил намоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>