Аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” 1236 сайёҳи хориҷӣ боздид намудааст

СУҒД. Соли равон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Роҳбарияти Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои марбут ба “Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷалби бештари сайёҳон ба маҷмаа тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст. Тавре аз маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” хабар доданд, дар нимсолаи аввали соли равон бо мақсади ғанӣ гардонидани маъхази осорхона 101 адад ашёҳои арзиши таърихӣ-фарҳангӣ дошта ба маблағи 17965,00 сомонӣ харидорӣ карда шуд. Теъдоди сайёҳоне, ки аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” боздид менамоянд, зиёд гардида, дар шаш моҳи сипаришуда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, ки дар ҳудуди маҷмаа ҷойгиранд, 45 682 нафар боздид намудаанд. Аз ин миқдор 1236 нафар тамошобинон аз хориҷи дур буда, 472 нафар аз давлатҳои ИДМ мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>