Истеҳсолкунандагони маҳсулоти армуғонӣ барои сайёҳон метавонанд дар озмуни вилоятӣ иштирок намоянд

bog-fanton

СУҒД. Бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ дар байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти армуғонии беҳтарин барои сайёҳон озмуни вилоятӣ баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 июни соли 2018, №273 ба тасвиб расидааст. Тибқи низомномаи озмуни мазкур сину соли иштирокчиён бояд аз 14 то 45 сола бошад. Иштирокчиён метавонанд маҳсулоти худро ҷиҳати иштирок дар озмун то 20 декабри соли равон пешниҳод намоянд. Ғолибони озмун бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида мешаванд. Аз ҷумла, барандагони ҷойҳои ифтихорӣ мутаносибан бо 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 1500 сомонӣ қадршиносӣ мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд тариқи телефони 92 971 53 13 маълумоти иловагӣ пайдо намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>