Хоинон миллат надоранд!

андеша

АНДЕША. Дар ҳар давру замон инсонҳое ба дунё меоянд, ки бо кирдору рафтори ношоями худ боиси нафрати падару модар, хешу ақрабо ва тамоми ҷомеа мегарданд. Ин нафарон аслан андеша ва мақсади муайяни худро надошта бо супориш ва дастгирии хоҷагон – душманони миллату Ватани худ умр ба сар мебаранд. Ҳатто барои татбиқи супориши коргардонҳои пасипардагиашон аз тамоми арзишҳои муқаддас рӯй гардонида, баҳри расидан ба бовариву эътимоди хоҷагони хориҷиашон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аз табори чунин нохалафон аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хосатан фарзанди хоин, носипос ва нонкӯри Ватан Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ мебошанд, ки ҳамарӯзаву ҳамасоата аз дастгириҳои хоҷагонаш бархурдор гардида, мехостанд Тоҷикистони ободу озод, рӯ ба тараққӣ ниҳодаро тобеъи хоҷагони нохалафи худ гардонанд.  Ин ашхосон баъди ошкор гардидани амалҳои разилонаашон аз кишвар фирор намуда, дар паноҳи хоҷагонашон берун аз Тоҷикистон зиндагӣ ба сар бурда истодаанд. Аммо онҳо то ҳол аз амалҳои террористиву эктремистии худ, аз кирдоҳои ғайриинсонии худ даст накашидаанд. Онҳо, аз ҷумла террорист Муҳиддин Кабирӣ имрӯзҳо барои пиёда сохтани орзуву ормонҳои пинҳониву разилонаи хоҷагонаш ҷаҳду талош намуда, мунтазам барои афзун намудани сафи ташкилотҳои террористӣ ва дигар созмонҳои тахрибкор аз ҳисоби наҳзатиён ва ҷавонони ноогоҳи кишвар ҷаҳду талош намуда истодааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мо ҳамаи кӯшишу ғайрату, донишу маҳорати худро ба он равона намоем, ки фикру ақидаҳои худро нисбат ба Кабирии бешараф, фарзанди хоин ва гумроҳи миллат ва ҳаммаслакони у ҳамаҷониба баён намуда, нагузорем, ки ҷавонони мо ба доми чунин ватанфурӯшон афтида, ҳаёташонро бисӯзанд.

Ҳафиза Нематова, омӯзгори фанни

забони давлатии гимназияи №1 шаҳри Бӯстон     

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>