Ба Ислом иснод наоваред

pottermore-magical-quill-o

АНДЕША. Аз рӯзи пайдоиш то имрӯз гуруҳҳои ифротиву тундгаро, террористиву экстремистӣ миллионҳо нафар бегуноҳонро аз ҳаёт маҳрум сохтанд. Асосан ин гурӯҳҳо дар давлатҳои исломӣ ё мусалмоннишин падидаҳои номатлуби хешро тарҳрезӣ менамоянд. Барои дар амал татбиқ намудани ғояҳои хатарнок нисбати амнияти миллату мардум ва дигар кишварҳо хатар эҷод мекунанд. Масъалан ТЭТ ҲНИТ, ки барои нооромии амнияти миллати мо ҷиноятҳои ногуфтаниеро анҷомдод, метавонад мисол гардад. Роҳбарияти олии ТЭТ ҲНИТ аз солҳои 1990 бо ташкилоту хадамотҳои махсуси хоҷагони худ дар иртибот буда, бо гирифтани маблағҳои зиёди пулӣ амрҳои онҳоро иҷро менамуданд. Дар ивази ин маблағҳо онҳо куштори шахсиятҳои маъруфи миллатро анҷом медоданд. Инчунин барои фаъолияти махфии хадамоҳои онҳо широити мусоид фароҳам меоварданд. Ё ин ки маълумотҳои хусусияти сирри давлатидоштаро ба онҳо ирсол мекарданд. Дар охир ба мақсадҳои нопоки худ расиданд. Онҳо бо ном аз Ислом дифоъ мекарданд, лекин Худованд дар оятҳои Қуръону паёмбар Муҳаммад (с.а.с) дар ҳадисҳояшон озордодану ба қатл расонидани муъминононро дафъатан маҳкум кардаанд. Амалҳои содирнамудаи аъзоёни ин ташкилот дар ягон дин қобили қабул набуда, балки ваҳшоният нисбати инсоният аст. Маҳз кӯшишҳои бесамари онҳо дар соли 2015 бори дигар собит сохт, ки онҳо мақсади табаддулот ва сарнагуни Ҳокимиятро доштанд. Ба ҳамагон маълум гардид, ки ТЭТ ҲНИТ ташкилоти ифротию террористӣ асту эшон аз ҷониби нафарони махсус сарпарастию маблағгузорӣ карда мешаванд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки маърифати ҳуқуқӣ, ҳуввияти миллӣ, масъулияти волидону омӯзгорон дар тарбияи насли наврас имрӯзҳо баланд гардида, мардуми шарафманди мо барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тақлиди фарҳанги бегона дастаҷамъона мубориза бурда, намегузоранд ки ягон ашхоси бегонапараст сулҳу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро халалдор созад. Барои посдории фарҳанги миллии аҷдодиамон ҳар яки мо ҷавонони бонангу ор бояд кӯшиш ба харҷ диҳем. Сиёсати хирадмандона ва пешгирифтаи Пешвои миллатро, ки барои ободониву шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон бахшида шудааст, содиқона ҷонибдорӣ намуда, бо ҷону дил барои ободонии ватанамон хизмат намоем.

Лоиқ Тӯйчиев ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>