Изҳороти Имомхатибон ва ходимони дини масоҷиди шаҳру ноҳияи Панҷакент роҷеъ ба баромади видеоӣ аъзоёни гурӯҳи 24 дар сомонаи интернетии фейсбук

pero

Мо ҳамаи имомхатибон ва ходимони дин баҳри ободӣ ва тинҷию осоиштагӣ ва пешрафти кишвари азизамон ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карда аз сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат пуштибон ҳастем, ва ҳама рӯза аз минбари масҷид дар мавзеъҳо баҳри гул-гул шукуфои Ватан ва тарбияи маънавии ҷавонону намозгузорон инро талқину ташвиқ менамоем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро барои анҷоми расту оинҳои динию миллиамон фароҳам овардааст, чӣ дар анҷоми ибодат дар масҷидҳо бошад ва чи дар адо кардани ҳаҷ ва зиёрати хонаи худо. Бинобар ин бояд, ки ҳар як фарди бонангу номус ба қадри ин ғамхориҳои  Ҳукумати мамлакат бирасад ва ин  неъматҳоро шукрона карда ба қадраш бирасад. Бояд имрӯз ҳар яки мо бахусус ҷавонон аз ин имтиёз ва шароити хуб истифода карда,  бояд бештар аз паи омӯзиши илмҳои муосир гардем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки пеши роҳи ҳар гуна ифродгароӣ ва тафриқаандозиҳоро бигирем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Имрӯзҳо аъзоёни гурӯҳи -24 дар сомонаҳои интернетӣ баҳри халалдор кардани тинҷию осоиштагии кишварамон ҳар гуна иғвою дасисаҳоро  паҳн карда истодаанд, нисбати давлату Ҳукумати Тоҷикистон то, ки ҷавонони мо ва мардуми моро ба худашон ҷалб карда ақлашонро бидузданд. Ва гумроҳашон кунанд. Албатта онҳо дигар ҳаргиз наметавонанд. Мардуми моро фиреб диҳанд ва ҷавонони моро гумроҳ созанд. Аъзоёни ин гурӯҳи 24 дар зери ниқоби ислом ҷавонони камтаҷрибаро мехоҳанд бо доми худ дароранд ва дар бало гирифторашон кунанд. Аз ин ҷиҳат ин нохалафон бо дасиса ва иғвоҳои дурӯғини худ нисбати Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон сангпартоӣ тӯҳмату ифтиро доранд. Бинобар ин то ходимони дин аз ҳама мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар зери сояи давлату ҳукумат сарҷамъ бошанд ва ба ҳар гуна иғво ва дасисаҳо бовар накунанд ва баҳри ободии кишвар саҳмгузор бошанд ва  ҷавонони шуҷоъу далер ва нотарсу соҳибиродаро мисли Пешвои миллат тарбият кунанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>