Изхороти маорифчиёни шахри Панчакент нисбати видиое, ки дар шабакаи ичтимоии фейсбук баромадааст .

grafo-historica-300x199

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар олами мутараққӣ шинохта гардид. Давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон Тоҷикистонро чун кишвари ободу пешрафта, макони сулҳу субот шинохтанд ва эътироф намуданд. Ин ҳол душманони ватану миллатро, ки ин ҳама пешравиҳо ва ободкориҳо ва созандагиро нодида мегиранд, ба хашму ғазаб овардааст. Онҳо дар атрофи худ чандин зархаридон, хоинони миллатро гирд оварда дар ҳаққи мардуми саодатманду хушиқбол бадгӯиҳо, табоҳкорӣ карда истодаанд. Ин гурӯҳ чандин ҷавонони бе фарҳанги дар ғафлат мондаро ба доми худ кашида, гумроҳ сохта барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода бурдан мехоҳанд. Вале онҳо бехабар аз онанд, ки мардуми шарафи Тоҷикистон дигар ба дастаҳои душманони миллат бовар надиданд, ба гуфтаҳои дурӯғонаи онҳо фирифта намешаванд. Он ҷавонони гумроҳшуда, ки ба ватан бармегарданд, ҷавононро ҳушдор медиҳанд, ки шукронаи ватани обод ва амну осоишта намоянд, зеро чунин кишвари биҳиштосои мардумамон хушболу хушрӯз дар дигар ҷой вуҷуд надорад. Ал ҳазар аз ҳолати мардуми кишварҳои ҷангзадаи Афғонистону Ироқ, Сурияву Лубнон. Саргардони гурӯҳои ифротию экстримисти беватананд миллат надоранд, падару модар надоранд. Ҳаёту зиндаги барои онҳо маъни надорад. Онҳо ободкор нестанд, вайронкорон, ки мақсаду маслака надоранд. Барои онҳо Ватан, модар, миллат бегона аст. Онҳо танҳо  манфиати гурӯҳҳо душманони ҷони одамиро ҳимоя намуда, манфиат дидан мехоҳанд. Аз панҷаи хунолуди он ифрод гироёни бенангу номус олами вайрон, миллатҳо сарсон, қашоқу бенаво гирифтори бемориҳои кӯдакон, занону духтарон, модарон қурбони беадолатиҳои онон. Гурӯҳҳои экстримисти чун ДИИШ, ҲНИ ва гурӯҳи 24 амсоли онҳо мақсаду мароми нопок доранд. Бо андешаҳои аҳримании ин душманони ҷони бани одамӣ олами инсониро даҳшат, ҷанг, куштор, сӯхтор, гуруснагӣ, бемориҳзои сироятии гуногун фаро гирифтааст. Оё касе дидаю шунидааст, ки ин гурӯҳҳои палид кишвареро обод, бекасеро сарпарастӣ,  бенавоеро дастгирӣ, бесаробонеро пуштибони намудаю ёри расонида бошанд. Мо мардуми шарифи Тоҷкистони соҳибистиқлол амалиётҳо мо ҷавонмардона, инсон боадабонона, вайронкоронаи гурӯҳҳои ифротию экстримистиро маҳкум менамоем, ба гуфтаҳои инсонфиребонаи онон дода намешавем, зери Парчами сулҳ офарини Тоҷикистони азиз кор, зиндагӣ ва фаъолият менамоем. Ватанамонро бо меҳнати бунёдкорона созанда боз ҳом обод, зебо мегардонем. Бигзор Парчами сулҳу субот дар фазои Тоҷикистони обод доимо парафшон бошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>