Осуда зиндагӣ кунем

Ruchka

АНДЕША. Вакте ки мо дар бораи сиёсати созандаву ободгароӣ суҳбат мекунем дар назари аввал чизи одӣ ва хеле сода ба назар мерасад ва ба ин масъала қишре аз аҳли ҷомеа саҳлангорона  ва аз паси панҷа менигаранд. Ба умқи амиқи масъала аҳамият намедиҳанд. Бубинед ба ҷаҳони навгониҳои ҷумҳурӣ. Сиёсати созандаи Аосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳуриро аз вартаи ҳалокатбор бурун оварда дар ҳама соҳаҳои он иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму фарҳанг, маориф ва соири масоили мубрам тағироти кулл ва назаррасеро ба миён овард. Дар мисоли шаҳру ноҳияи мо мисоли рӯшани он раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ, роҳҳои мумфаршу зудрас ба марказҳои вилоят ва ҷумҳурӣ, паси сар кардани бӯҳрони барқ ва ахиран таҷдиди хати тозаи интиқоли барқ то пойгоҳи барқи шаҳри Панҷакент, сохтмони як қатор иншоотҳои маишӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии кормандони буҷавӣ тариқи баланд бардоштани маош ва таъмири марказҳои таълимиву фарҳангӣ ва даҳҳо ҷабҳаҳои дигар маҳсуб мешавад. Моро мебояд ҳамарӯза ҳамамоҳа, ҳамасола ба хотири ободонии хонаамон, гузарамон, маҳалламон, ҷои корамон иқдоми тоза бардорем. Мунтазир намонем, ки рӯзе моро касе илтимос кунад, хоҳиш кунад, таъкид кунад ва танҳо пас аз он бо иддао ва малоли хотири ҳамсоя даст ба ҷорӯб занем ва ё ҷорӯбро ба даст гирем. Зеро мо вазифадорем рӯ ба ободӣ оварем, ки сарзамини мо, шаҳри мо, Саразми мо яке аз гаҳвораҳои тамаддуни башарият ба ҳисоб меравад. Андеша кунед, таърихи шашҳазорсолаи Саразм, панди бузургвори олами форсигӯён Бобоодами шеъри ҷаҳонии тоҷикӣ — форсӣ Рӯдакии ҳамдиёрамон ва садҳо фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ки сиришти эшон аз ҳамин обу гил аст, ифтихори тоҷикон ва хосатан мо панҷакентиён аст. Оё мо ҳуқуқи маънавии паст задани чунин фарҳанги ноёб ва пурарзишро дорем? Ҳаргиз на! Албатта, ин тинҷиву оромӣ барои бархе аз аносири дур аз хирад ва худпараст ба мисли собиқ ҲНИ чандон писанд нест. Онҳо бо ҳар роҳу восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳаёту рӯзгори осудаи мардумро халалдор намоянд. Зеро дар замони имрӯза ифротгароён ифротгароиро ба намудҳои миллӣ, мазҳабӣ, динӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷудо менамоянд. Агар ба ин маънӣ чуқуртар назар афканем, рӯшан мегардад, ки ифротгароии ҲНИ ифротгарои сиёсӣ буда, ба ҳадафи муайян равона карда шудааст. Чунин аҳдоф аз хатари ҷиддӣ орӣ набуда, моро ҳушдор медиҳад, ки дар муайян намудани андешаву афкори сиёсиамон аз пояи тафаккури воқеӣ истифода барем. Ва дар ин маврид бояд хеле дурандеш бошем ва оқибатҳои вазнини ин қазияро баркашем ва кам аз кам дар паҳлӯҳои тарозу гузорем ва дар хулосагири ин масъала чун сангҳои тарозу вазнӣ бошем. Пеш аз ҳама таҳлилгарои вазъи кунунии ҷаҳони имрӯза бошем, ба рӯзгори мардуми азияткашидаву сарсахти Осиёи ғарбӣ ва мамолики Араб назаре афканем. Бубинем, Ҷумҳурии Сурия ба мисли Ироқу Либия бо дасти кӣ ва чӣ сон рӯ ба харобӣ овард. Оё Ироқ, Либия, Сурия, Яман, Миср ва дигар кишварҳои Араб, ки гирифтори табаддулотҳо, мушкилиҳо, ба ҳам даровезишҳо – бародаркушиҳо гаштаанд, аз зумраи мамолики харобиқтисод ва ё пастзада буднд? Ин ҳама ба хотири нафти арзон ва мутаваҷҷеҳ нашудани таваҷҷуҳи ҷаҳониён аз мушкилоти голобалии ҷаҳони имрӯза ва мусаллат гаштан ба соири кишварҳои Араб тарҳрези гашта ва батадриҷ амалӣ карда шуд. Омилҳои манфиву мусбати ин қазияро ба атрофиён дастрас намоем, то ки онҳо низ аз асли воқеа бархурдор бошанд. Оқибати ҳузнангези қазияи Сурия барои ҳамаи он касоне, ки тафаккур ва маънавиёти баркашида доранд, мебояд сабақи ҳамешагӣ гардад. Ва дар баробари ин ба насли наврас китоби дарсӣ ва сабақи таҷрибаи пурсӯзи рӯзгор бошад.

Деректори колеҷи омӯзгории ш. Панҷакент

Доктори илмҳои филологӣ

Ҷовид Холов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>