Симои разилонаи ТЭТ ҲНИ ошкор гардид

АНДЕША. Аз рӯзҳои ташкилёбии ТТЭ ҲНИ то қатъи фаъолият якчанд маротиба сабаби бесару сомон гардидани мардуми кишвар гардида зарарҳои ҷиддӣ ба ин давлату миллат расонидааст. Ҷанги шаҳрвандии соли 1992-ро ҳеҷ кас аз ёд набаровардааст, ки сабабгори ин ҷанги хонумонсӯз ҳамин “ҳизби наҳзат” буд, ки бо кӯмак ва тавсияи хоҷагони хориҷиашон сурат гирифт.  Гузашта аз ин, дар чандин ҷиноятҳои хурду бузург, ки бар зарари халқ буданд  даст доштанд. Ташкил намудани ҳар гуна равияҳо, сохтани масҷидҳои ғайриқонунӣ, таъсис додани мактабҳои ғайриқонунии динӣ, зарба задан ба тафаккури миллат ва дигаргун кардани идеологияи миллат бо тариқи гузаронидани маҷлисҳои пинҳонӣ ва амсоли инҳо.    Имрӯз чун дар ҷаҳон симои разилонаи ТТЭ ҲНИ ошкор гардида ҷаҳониён ба даст доштани ин ҳизб ба терроризм эътироф доранд. Агарчӣ далелҳо зиёд буданд ва гувоҳӣ медоданд, ки ин ҳизби мамнӯъшуда дар ҳақиқат як ҳизби террористӣ ва экстремистӣ аст, аммо онҳо худ инро рад менамуданд, ки ин сухан рӯи мо туҳмат аст.  Бо гузашти вақт ошкор шуд, ки ин ҳизби мамнӯъшуда бо дигар гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамкории зич дошта ҷавононро ба кишварҳои ҷангзада сафарбар менамудааст. Ва чуноне дар боло зикр шуд, дар бисёре аз ҷиноятҳо даст доштааст.Мо метавонем бо дилпурӣ бигӯем Тоҷикистони азизи мо ва миллати сарбаланди тоҷик дасти хам омада,Тоҷикистонро ба як давлати пурқувваттарини ҷаҳон табдил медиҳем,бигзор ТТЭ ҲНИ бо хаҷагонаш дар ғарибӣ то охири умри худ боқӣ монад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>