Гадо дар ватани худ мирад шоҳ аст

desktopwallpapers.org.ua_11822

ИЗҲОРОТ. Мо омӯзгорон, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ва  ояндасози  кишвар саҳмгузор ҳастем, аз он меболем, ки дар кишвари биҳиштосо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти рангину зебое дорем.Имрӯзҳо бархе аз шахсони нохалафу бевиҷдононе пайдо шудаанд, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудаанд, калон шудаанд ба Ватан-модари худ хиёнат карда дар кишварҳои хориҷ паноҳ бурда истодаанд. Эй паноҳҷӯёни нохалаф!  Боре андешаи хоку оби Ватан-модари худро кардаед! То кай Шумоён дар кишвари бегона паноҳ меҷӯяд ва то кай паноҳдиҳандагони хориҷиатон ба Шумо дар мулки бегона паноҳгоҳ медиҳанд. Шуморо садқаи хоки Ватан, шири модар ва ғамхориҳову хизматҳои шоистаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунад. Рӯзе мешавад, ки мисли сагони пушаймоншудае ба Тоҷикистони азизи мо бармегардед. Боре Шумоён инро андеша намудаед. Ё мисли нафарони бекасу кӯе дар мулки ғарибӣ мурда мераваед. Оё дар мулки ғарибӣ нафаре пайдо шавад, ки ҷанозаи Шумоён фироркардагони аъзоёни ҲНИ-ро хонад?! Имрӯзҳо шумоён, ки худро тарафдорони ҲНИ гирифта дар минбарҳо ҷилва намуда «воизӣ» мекунед ин масъалаҳоро бо ақли камсолими худ ва сари аз амри маъруфҳои беҳуда гарангшудаи худ андешед. Чуноне, ки гуфтаанд: «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хубтар аст» ё ин ки «Гадо дар ватани худ мирад шоҳ аст».

омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>