Шукргузор бояд боршем

андеша

ИЗҲОРОТ. Мо омӯзгорон, ки қисми пешбарандаи ҷомеаи навини имрӯз ҳастем  аз он шукргузорӣ менамоем, ки дар кишвари тинҷу ором, ободу зебо, дар партави сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурраму дилшод умр ба сар мебарем. Тақвият ёфтани созмонҳои радикалии исломӣ ва террористӣ ки тарсонидан, хушунатро ҳамчун воситаи муҳим барои тадбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигаронии ҷиддӣ гашт.  Ин аст, ки имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм аст. Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногунанд. Омилҳои асосии он аз ҷумла сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудӣ дар оила ва ғайраҳо мебошад. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон зарур аст. Барои он ки гаравии аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад. Дар ҳақиқат ҷаҳони имрӯза монанди замони пешин нест. Аз ин лиҳоз мо-шаҳрвандони Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама худшинос ва худогоҳ бошем, манфиатҳои миллии худро дар мадди аввал гузорем. Рӯҳи худшиносии миллии шаҳрвандон ба миллат ва давлат имконият медиҳад, то бар зидди хатарҳои иттилоотӣ омода бошад ва худ дифоъ намояд. Ободӣ, осудагӣ, сулҳу ваҳдат дар фазои Тоҷикистони азиз, орзую омоли ҳар як шаҳрванди худшинос ва худогоҳ мебошад

 омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>