Торикандешон

ХУДЖАНД

АНДЕША. Бо шунидани он, ки ду се чаласавод худро «озодандеш» унвон додаву номи худро ба қатори зиёиёни миллат худ ба худ ворид намудаанд, бори дигар нафратам ба ин гумроҳҳон зиёд гардид. Агар  таърихи зиндагии ин “озодандешон”-ро назар афканем, заррае ҳаёти онҳоро бе омезиш ба ҳаёти хоҷагонашон тасаввур кардан ғайри имкон мебошад. Инҳо воситаи тарғибу ташвиқи ҳадафҳои нопок ва халалдоркунандаи вазъи кишварҳои дӯст аз ҷониби хоҷагонашон истифода бурда мешавад. Ин гумроҳон мехоҳанд анҷуман таъсис дода, маблағҳои муфти хоҷагонашонро соҳиб шаванд ва рӯзгорашонро аз ин ҳисоб пеш баранд. Ин нохалафон маблағҳои муфтро ба даст оварда, бар зидди давлату миллати хеш мехоҳанд суханҳои ноҷову фитнаангез гӯянд. Ватанеро, ки ҳамчун модар дар оғӯшаш ба камол расиданд ба ӯ хиёнатро раво мебинанд. Инҳо бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буда, номашон низ ба хоҷагонашон тааллуқ дорад. Инҳо ҳамчун робот ва ё беморони рӯҳӣ дар машварату мулоқотҳои хоҷагонашон ширкат намуда, мунтазам ҳимоят аз хоҷагонашон мекунанд. Агар ба асли воқеа ва муносибати хоҷагони хориҷӣ бо ин “озодандешон” назар афканем маълум мегардад, ки хоҷагонашон барои ин нохалафон мошинҳои партовпартоӣ яъне корношоямро ҷудо карда, онҳоро бо минбарҳои махсус таъмин намуда ва анҷуманашонро “озодандешон” унвон додаанд. Дар ҳар куҷое, ки зарурати иштироки ин “озодандешон” пайдо шавад, дарҳол хоҷагонашон онҳоро бо минбарҳояшон таъмин мекунанд, то онҳо тавонанд суханони пучу бемаъниашонро нисбати кишвари худ баён кунанд. Яъне,  ин “озодандешон” дар кишвари хоҷагонашон макони муқаррарии зиндагӣ надоранд. Балки рӯзашон дар нақлиётҳои партовпартоӣ ва минбарҳои вайронаи хоҷагонашон мегузарад. Месазад, ки онҳоро озодандешони минбарҳои партовӣ унвон диҳем. Мо дарк мекунем ва медонем, ки ин разилони гумроҳ дар Тоҷикистон он қадар зиндагӣ накардаанд, ки дар бораи он ҳарф гӯянд. Аз хотир ҳуқуқи аз номи Тоҷикистон гап заданро надоранд. Мо ҷавонон рафтори ин гуна гумроҳон хоинони ватанро шадидан маҳкум намуда, нафрати хешро нисбати анҷуманашон баён медорем.

Рустам Ғуфронов,

донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>