ИЗҲОРОТИ бахши ҷавонони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар мавриди нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ

Солҳои охир дар дунё ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Имрӯзҳо  гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигаронии кишварҳои олам гардида истодаанд. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср метавонад дар як лаҳза одамро ба маргу куштору ва корҳои ҷинояти оварда расонад.Воқеан, дар шароити имрӯзаи Шарқи Миёна ва ҷумҳуриҳои пасошӯравию Осиёи Марказӣ ҷунбишҳои ифротгароёнаи ба ном исломӣ яке аз фитнаҳои хатарнок дар арсаи сиёсии ин минтақаҳо маҳсуб мегардад. Дар шароити муосир имрӯза гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест. Ан ин хотир ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок бахсус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад. Ҷавонони моро мебояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории дӯстиву тифоқӣ, ваҳдату ҳамдилӣ саъй варзанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>