Мубориза бар зиддди ҳаракатҳои ифротгароӣ

ХУДЖАНД

АНДЕША. Ҷавонони кишвари азизамон, ки 70 дар сади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, дар давоми соҳибистиқлолӣ ба бисёр муваффақиятҳо ноил гардидаанд. Вале дар баробари дастовардҳо ва муваффақиятҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар баъзан муаммоҳое пеши роҳ сар мезанад, ки он проблемаи инсонияти кураи арз аст ва баъзе ҷавонони кишвар ҷиҳати камсаводиву бехабарӣ аз набзи сайёра ба он гирифтор мегарданд. Аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки Ҳукумату давлат ва қишри масъулиятшинос ва дилсӯзи ҷомеа зидди он муборизаи беамон мебаранд ва дар ин раванд корҳои назаррас ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омада истодааст…  Сабаби асосии даст задани ҷавонон ба ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дигар гуруҳҳои ифротӣ аз тарбияи нодурусти фарзандон дар оила, паст будани сатҳи дониши диниву дунявӣ, гумроҳшавӣ, побанди молу мулк, таъсири бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, беаҳамиятӣ ва беназоратии падару модар боис ба доми ифротиён афтодани онҳо гардида истодааст. Аз тарбия ёфтани чунин ҷавонон ба давлат ва оила ягон манфиате нест. Зеро онҳо хиёнат ба ватану миллат, падару модар ва оилаи худ мекунанд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати созандаву бунёдкорро пеша намуда, ҳадафи асосиаш нигоҳ доштани неъматҳои бузурги истиқлолият ва ягонагиву ваҳдати миллист. Имрӯз барои решакан ва пешгирӣ намудани хатари экстремизму терроризм Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1717 аз 28 марти соли 2006 «Дар бораи Консепсияи  ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза зидди терроризм ва экстремизм» ва дар бораи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз 12 ноябри соли 2016, №776 таҳия ва қабул гардида, ҳамаи мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимии кишвар бо корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ муборизаи беамон бурда истодаанд то ки шаҳрвандон ва ҷавонон аз хатари ин падида огоҳ ва эмин бошанд.  Ҳанӯз соли 2003 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид дошта буданд: “Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ба терроризм ва экстремизм танҳо бо усули низомӣ пирӯз шудан имкон дорад. Бо чунин ақида розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанӯз хеле нокифоя мебошад. Он тамоми омилҳоеро, ки чун қоида боиси пайдоиши терроризм ва экстремизм мегарданд, пурра нест карда наметавонад. Вобаста ба ин бори дигар мехоҳам таъкид намоям: то он даме, ки бо мақсади кам кардани қашшоқию бенавоӣ, бекорӣ, сатҳи пасти маълумот тадбирҳои муассир ва ҷиддӣ андешида нашаванд, хавфи терроризм ва экстремизм низ аз байн намеравад”. Омили дигари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ сатҳи пасти маърифати диниву дунявии ҷавонон ва бекории онҳо бошад, аз ҷониби дигар ба онҳо таъсири муҳити беруна низ хоҳ нохоҳ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар таъсир мерасонанд. Ҳарчанд ҷавонон бо ҷойи корӣ таъмин бошанд ҳам, вале аз мадди назари волидайн дур мондаанд. Пас ин ҷо масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, назорати кору фаъолият ва рафтору амали насли ҷавон низ нақши калидӣ мебозад. Ҷавонон мехоҳанд аз илми муосири ҷаҳонӣ бархӯрдор бошанд, ҳамқадами замон бошанд, таҷрибаҳои пешрафтаи кишварҳои хориҷиро азхуд намоянд, ҷойи кори муносиб дарёфт намоянд, вале, онҳоро ташвиши зиндагӣ ба яъсу ноумедиҳо ба оянда мебарад ва гоҳо аз нобоварӣ ба ояндаи нек ва надоштани таҷрибаи ҳаётӣ ба мушкилиҳои ҳаётӣ дучор мегардонад. Ҷавонон солҳои сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолият мебаранд, аз меҳри падарию модарӣ ва зану фарзандон дур мемонанд, муҳити бегона онҳоро фаро гирифта, рафтору гуфтору муносибати насли ҷавони моро ба куллӣ тағир медиҳанд…  Барои зери назари волидайн тарбия ёфтани фарзандон Паёмбари ислом (с) мефармояд: “Ҳар тифле бо фитрати Исломӣ ба дунё меояд, пас падару модараш ӯро яҳудӣ мекунанд, ё насронӣ, ё маҷусӣ” (ривояти Муслим).  Пас вақте ки амалу рафтори ҷавонон тағир ёфта, ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, ҳар яки онҳо назди қонун ҷавоб мегӯянд. Бояд ёдовар бояд шуд, ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.  Ягон кас ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад. Шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қатъи назар аз ҷинс, наҷод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молу мулкӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Бо назардошти ибрози андешаҳо метавон барои пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мувофиқи мақсад мешуморем, ки :

1.Мақсаду мароми Оинномавии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таҳти шиори “Барои Ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон” дар байни ҷавонон тарғиб ва ҳадафи он тавзеҳ дода шавад. Оинномаи мазкур метавонад ҳамчун дастури раҳнамо амал намояд ва асоси фаъолияти  ҷавонон гардад. Ба иборати дигар Иттифоқи ҷавонон, ҳамчун нерӯи созанда ва меҳвари ташаббусҳо фаъолона амал намояд. Иттифоқи мазкур метавонад нисбат ба ҳама гуна қонуншиканиву беадолатиҳо аксуламали ҷиддӣ вокуниш нишон диҳад ва андешаву афкори солимро тарғиб намояд.

2. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бар асари нуфузи падидаҳои номатлуб ба ҳамдилӣ, ваҳдату ягонагӣ новобаста аз дину мазҳаб ва миллату халқиятҳо ниёз доранд. Аз ин рӯ, зарурате пеш меояд, ки дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа берун аз дину мазҳаб ва миллат арзишҳои олии инсонӣ, чун ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, фарҳанги олии инсониро тарғибу ташвиқ намуда, аз ин роҳ зиддиятҳои мафкуравиро аз миён бардорем. Дар пиёда кардани ин андешаҳо лоиҳаҳои хурду бузург аз ҷониби ҷавонони эҷодкор дар ҳамаи соҳаҳо бояд ба тавсиб расад.

3.Ҳамарӯза ҳар як амал, рафтору гуфтор ва муносибати ҷомеа бар зидди ин падидаи хатарноки аср нигаронида шуда, тарғибгару ташвиқгари асосии ҳадафи дурбинонаи созандагӣ ва таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ бояд бошад;

4.Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳия намудани видеофилмҳо ва намоишу баррасӣ намудани оқибатҳои даҳшатноки ин муаммои доғи рӯз дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҷой додани он дар шабаҳои иҷтимоӣ (интернет, сомонаҳо, вайбер, одноклассники…), расонаҳои хабарӣ (телевизиону радио) ва ғайра аз манфиат холӣ нест;

5.Сафарбар намудани нерӯи зеҳнии ҷавонони болаёқат (Барномасозон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносони ҷавон ва ғайра) бар зидди ақидаҳои бегонапарастӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ.

Муҳимтар аз ҳама дар байни ҷавонон ба вуҷуд овардани ваҳдати воқеӣ дар пиёда кардани сиёсати давлату ҳукумат ва бедор кардани эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ вазифаи муқаддас маҳсуб мешавад.

Ҳодибоев Фаридун,

аъзои фаъоли ҳизб

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>