Вокуниш ба «Решаҳои ноаён»

андеша

Дар вақти тамошои ин филм ҳар каси соҳибақлро як ҳиссиёти ногувору як ларзиши ҷисм фаро мегирад ва беихтиёр мегуяд:, ки «Эй кош ин хоинонро байни издиҳом мебароварданду пӯсташонро меканданд», лек инро қонуни  адолатхоҳонаи мо манъ мекунад. Пас чӣ бояд кард?! Лаънати Худо бод ба оне, ки хоини Ватани худ аст! Бандааш мумкин мебахшад, лек Худованд чӣ?!  Ҳаргиз не!!!    Ноҷавонмардонаву разилона, бе виҷдононаву беистиҳола аз Худованд натарсида, исломи илоҳиро «пушту панох» карда, хукуки инсохоро  поймол карда, бо розигиву берозигӣ духтарони мардумро ба зани гирифта, онҳоро дар нимароҳи зиндаги партофта чунин амалҳои зиштро содир карда, ба болои ҳамаи ин қонуншиканиҳо боз хоини кардан магар аз рӯи инсофу инсонист. Аз ин ҳама бармеояд, ки онҳо аз Худо наметарсанд. Фармудаҳои Расули Худоро зери пой меафкананд. Барои нафси худ ва фоидаи худ фатвоҳои бардуруғ бофтан магар ин мусулмонист?! Асло не!

Чӯби  Худо садо надорад,

Агар занад даво надорад.

Месозад, ки Нурию Кабирӣ, Ҳимматзодаву Ҳайит, Саид Қиёмиддину Мирзошариф барин хоинонро, ки Ватан фурӯхтанду мефурӯшанд номашонро таърих бо ҳарфҳои сиёҳ нависад. Дар ислом ба хусус маҳзаби ҳанафия инсофу адолат, ва сулҳу амният ҷойгоҳи бисёр олӣ дошта, ҳар як фардӣ мусулмонро ҳидоят менамояд, ки зиндагии муносибу арзандаро пеша намояд, бо эҳсонкордаву хайрхоҳӣ умр ба сар барад, росткору, ростқавл, ҳимматбаланду кушодадил бошад ва дар баробари ин худро аз ҳама гуна аъмоли зишту зараровар,зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зуроварӣ ва қатлу ғорат дар канор гирад ва ин амалҳоро маҳкум намояд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди мусулмони кишвари соҳибихтиёри моро зарур аст, ки ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеъа ва ваҳдати милли доим саъю талош карда, ободии Ватан пешрафти давлат ва осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи имонии худ шуморад. Воқеан, зарур аст. ки ҳамватанони мо ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, хусусан дар шароити бисёр ноорому ҳасоси ҷаҳони муосир барои ҳақро аз ботил ҷудо кардан саъю талош намояд, яъне ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, роҳи дурусти зиндагиро пеша гиранд, ба омӯзиши илму маърифат кушиш карда, аз ҳар гуна амалҳои зишту зиёновар худдори намоянд, ба қадри калонсолон расанд ва бо заҳмати софдилона ватани худро ободу пешрафта гардонанд. Барои расидан ба ин рузи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрванди хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳми сарҷамъ гардида дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад. Марҳилаи начандон тулонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳанги ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеъан муосири демократи ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд?     Зеро аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ эмин буда наметавонад. Аз ин лиҳоз ҳар чи бештар таҳким бахшидани ваҳдати милли ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеъа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз пайдо кардааст. Бе заҳмат кашидан кас беосони соҳиби зиндагии осудаву сазовор намешавад.  Боиси ифтихор аст, ки мардуми бонангу номуси мо бо азму иродаи қави ба хотири иҷрои ин хадафҳо корҳои шоистаро ба анҷом расонида, зери парчами давлати сохибихтиёрамон дар самти бунёдкориву созандаги ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Бунёди ҳама гуна иншоотҳо хох иктисоди ва ё иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғати ва маишӣ ин баҳри зиндагии шоистаи мардум аст. Ҳеч кас барои ноил шудан ба зиндагии шоистаи мардум монеъа шуда наметавонад. Зеро инро Қуръону  Қонун нишон додааст. Намоиши филими ҳуҷҷатии «Решаҳои ноаён» — ро саривақти ва зарури ҳисобида умед дорам халқи шарифи тоҷик хулосаи анқи худро мегӯяд, менависанд ва ба насли оянда рӯйхати хоинони ватанро ҳамчун мероси нафратовар мегузоранд. Аз дақиқаҳои аввали пас аз намоиши филми мустанад  дар назди худ аҳд намудам, ки зиракии сиёсӣ, меҳру муҳаббат ва ватандӯстиро ба ҷавонон меомӯзам. Ба онҳо мегӯям: «Тоҷикистон неъмати худододу муъҷизаи табиат ва биҳишти рӯи замин аст, ки мо бояд шукрони ҳар қатра обу ҳар пора заминаш кунем ва ҳифзу ободии онро қарзи имониву инсонӣ ва виҷдонии худ донем.

Ҳоҷӣ Саид

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>