Таркиш: ошкоршавии ҷиноят баъд аз 22 сол

grafo-historica-300x199

ИЗҲОРОТ. Мо омӯзгорон, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ва  ояндасози  кишвар саҳмгузор ҳастем, аз он меболем, ки дар кишвари биҳиштосо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти рангину зебое дорем. Имрӯзҳо, ки вазъи сиёсии ҷаҳон хеле тезу тунд шуда истодааст ва гурӯҳҳои ифротгароиву мухолифин мехоҳан мардуми сайёраро гумроҳ намуда ба воситаи онҳо ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд. Ба ҳамаи мо вазъияти Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта маълум аст. Ва имрӯзҳо баъзе аз ҷиноятҳои кушоданашудаи он замон  ошкор гардида истодааст. Чуноне ки ҳодисаи террористие, ки 2 нафар  аъзоёни ҲНИ, ки 18-уми июни соли 1996 дар шаҳри Душанбе содир намудаанд. Ин навори видеойӣ имрӯзҳо тариқи васоити ахбор ва шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нишон дода шуда истодааст. Эй ҷинояткорони нохалаф! Эй аҳриманони охирзамон, чӣ гуна Шумоён дар ин кишвари худ чунин амали нангинро раво дидед. Боре ба худ наандешғидед, ки ин амалатон рӯзе ошкор мегардад ва подошашро низ мегиред. Худо шумоёнро шарманда намуд. Шумо метавонистед ин амали худро содир нанамоед. Бо содир намудани амали нангини худ боз тавонистаед, ки шоҳидони ҳодисаро бо силоҳ тарсонида маҷбур намудаед, ки оиди ин ҳодиса шоҳидӣ надиҳанд.    Ва баъди ин ҳодиса аз ошкоршавии амали худ тарсида гурезагиро ихтиёр намуда дар ба дару хок ба сар гаштаед. Гарчанде баъд аз 22 сол яке аз ҷинояткор бо ивази ному насаб мехост ба ватан баргардад ва аз тарафи кормандони Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид. Чуноне ки мақоле ҳаст: Кӯза ба лаби об то кай сиҳат рафта меояд. Имрӯз ин амали нангин бо гузашти 22 сол ошкор гардонида шуд ва ҷинояткорро низ дар пеш ҷазои сазоворе интизор аст. Имрӯзҳо шумоён, ки худро тарафдорони ҲНИ гирифта дар минбарҳо ҷилва намуда «воизӣ» мекунед ин масъалаҳоро бо ақли камсолими худ ва сари аз амри маъруфҳои беҳуда гарангшудаи худ андешед. Чуноне, ки гуфтаанд: «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хубтар аст» ё ин ки «Гадо дар ватани худ мирад шоҳ аст».  Боре андешаи хоку оби Ватан-модари худро кардаед! То кай Шумоён дар кишвари бегона паноҳ меҷӯяд ва то кай паноҳдиҳандагони хориҷиатон ба Шумо дар мулки бегона паноҳгоҳ медиҳанд. Шуморо садқаи хоки Ватан, шири модар ва ғамхориҳову хизматҳои шоистаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунад. Рӯзе мешавад, ки мисли сагони пушаймоншудае ба Тоҷикистони азизи мо бармегардед. Чуноне ки Ҳофиз фармудааст:

Дарахти дустӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>