Миллати босавод – давлати обод

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар доираи нақшаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Набиев Шерзод ва мутахассиси КИН ҲХДТ дар ноҳия Худоёров Раҳматулло дар ташкилоти ибтидоии «Дармонбахш» хониши сиёсии ҳизбӣ дар мавзӯи «Миллати босавод — давлати обод» баргузор гардид. Зимнан Набиев Шерзод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву руҳияи баланди худогоҳии миллӣ, соҳибкасбу соҳибҳунар будани афроди ҷомеа, нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият, тинҷиву оромии ватани азизу миллатамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ кард.  Инчунин котиби ташкилоти ибтидоии «Дармонбахш» Бойназаров Ғайрат суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро ба аъзогии узви ҲХДТ даъват намуд. Дар охир масъулини КИН ҲХДТ ҷамъомадагонро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>