«Кӣ китобхони беҳтарин?»

КОНИБОДОМ. Бо иштироки ҷавонону наврасон дар китобхонаи бачагонаи шаҳри Конибодом озмуни » Китобхони бехтарин» доир гардид, ки 8 нафар иштирок намуданд. Озмун аз 4 шарт иборат буда, хеле шаффоф гузашт. Ҳайати ҳакамон тибқи низомномаи озмун бо назардошти теъдоди китоби мутолиашуда, дарки маъноии онҳо, тарзи гуфтор ва баёни мақсад, инчунин, савияи дониши муҳассилин баҳогузорӣ карданд. Дар озмун хонандаи мтму№25-сардори дастаи ихтиёриёни бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Мубина Маҳкамова иштирок намуда, маҳорати баланд ва зеҳни қавӣ нишон дода, соҳиби шоҳҷоиза гашт. Ҷойи аввал насиби Нушофарин,  Фотима ва Фарангис шуд. Зинаи дуюм бошад, насиби Аминҷон ва Дилшода гардид. Ҷойи сеюмро Манучеҳр ва Тахмина ба даст оварданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>