Сафи аъзоёни ҳизб меафзояд.

ҶАББОР РАСУЛОВ. Баҳри ҷалби аъзоёни нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони Кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд. Санаи 16-уми июли соли 2018 мудири шуъбаи омори КИН ҲХДТ Отабоев Пӯлодҷон ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод дар ТИ «МНДРА»-и ноҳия дар фазои тантанавӣ ба аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида таъкид намуданд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ барои ҷалби бештари аъзо фаъол бошанд. Сафи ҳизбро мо бояд аз ҷавонони фаъолу болаёқат, шахсони Ватандӯсту Ватанпараст зиёд намоем. Инчунин дар давоми вохӯри кормандони КИ ҲХДТ дар бораи нақшаи обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» барои соли 2019 суханронӣ намуданд. Қабули аъзоён ба сафи ҳизб дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>