Мулоқот бо аҳолии минтақаҳои дурдаст

ПАНҶАКЕНТ. Дар ҳафтаи равон раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода бо аҳолии деҳаҳои дурдасти Ҷамоатҳои деҳоти  Фароб ва Моғиён мулоқоту суҳбатҳои хотирмон доир намуд. Дар мулоқотҳо доир ба вазъи сиёсии имрӯзаи ҷомеа, таҷлили санаҳои фархундаи соли равон, иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ ва табобати касалиҳои сироятунанда, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифрогаро, нақши аҳолӣ дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ҷалби қувваи фаъоли ҷомеа ба ин ҳизб, мусоидат ҷиҳати ҳаллӣ мушкилоти аҳолӣ, тақвият бахшидани робита бо ҷомеа, шиносонидани ҲХДТ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа сухан рафт. Дар суҳбату мулоқотҳо ба ҳалли мушкилот, дархост ва суолҳои аҳолӣ  мусоидат карда шуд. Дар охир  аҳолии Ҷамоатҳои деҳот барои ташкили чунин мулоқотҳои судманд ба кормандони ҲХДТ изҳори сипос карда аз ҷонибдории сиёсати имрӯзаи роҳбарияти кишвар ва ташаббусҳои неки худ ибрози ақида намуданд. Баргузории чунин мулоқотҳо дар дигар Ҷамоатҳои деҳот идома дорад.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>