Ифтитоҳи варзишгоҳ дар минтақаи Ғозиён

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ  таъкид намудаанд: “Тавассути варзиш насли ҷавони солими дорои рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва фарзандони далеру шуҷоъ ба камол мерасанд.” Дар ҳақиқат, варзиш асоси солимии ҷомеа мебошад. Баҳри тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва дар доираи сазовор ҷашн гирифтани 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №11-и минтақаи Ғозиён майдончаи варзишӣ бо тарҳи замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар расми кушодашавии он муовини Раиси ноҳия, аъзои раёсати КИМ ҲХДТ Бобозода М., иштирок намуда, кулли сокинони ҷамоати Ғозиёнро табрик кард. Инчунин ба шахсоне, ки дар бунёд ёфтани майдончаи варзишӣ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд миннатдорӣ баён намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>