Фарҳанги либоспӯширо риоя намоем!

1

ХУҶАНД. Халқи тоҷик аз қадимулаём соҳиби фарҳанги воло буду ҳаст. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон чун кишвари тамаддунофар дар арсаи байналхалқи муаррифӣ  гардидааст. Фарҳанги  либоспӯшӣ рукни асосии маънавиёти халқи тоҷик буда, аз арзишҳои муқаддас ба ҳисоб меравад.  Фарҳанг оинаи ҳар халқу миллат аст. Нуктаҳои дар боло зикршуда дар мулоқоте, ки 19 марти соли 2018 бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  зиёиёни кишвар баргузор гардид, хеле баланд садо дод. 18 июли соли равон дар Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, мавзӯи мубрам фарҳанги либоспӯширо мавриди баррасӣ қарор диҳад. Зеро бархе аз  занону модарон ва  ҷавондухтарони мо бар асари таъсири бегонапарастӣ ва сатҳи пасти маърифати либоспӯшӣ имрӯзҳо либосҳои сип-сиёҳ ба бар мекунанд, ки хоси фарҳанги мардуми мо нест.  Достурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шудааст, дар ТИ КМ “Ваҳдат,” “Навбаҳор”, “Темурмалик”, ТИ “Афросиёб”,  “Абдулазиз” мавриди омӯзиш ва намунаи либосҳои беҳтарини тавсияви фаҳмонида шуд. Ҳамзамон иштирокчиёни Рӯзи ахбори сиёсӣ даъват ба амал оварданд, ки дар амалӣ гаштани Дастурамали мазкур талош варзида, намегузоранд, ки занону духтарони мо либосҳои ғайр ва бегонаро ба бар намоянд ва барои баланд бардоштани маърифати либоспӯшӣ эшон тарғибу ташвиқот бурда, барои рушду такомули фарҳанги миллати тоҷик саҳми назаррас мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>