Ҷабр ба ҷони хеш набояд кард!

grafo-historica-300x199

АНДЕША. Ҳадафи асосии созмонҳои террористии исломӣ на хизмат ба халқу ватан, дину мазҳаб ва инсон, балки ба воситаи қатлу куштор фиребу ҷаҳолат ба даст овардани қудрату мавқеъ мебошад. Ин созмонҳо бо пайдо шудани хурдтарин имконият ё сармоя ҳуқуқи мардуми мусулмонро поймол намуда ормонҳои бепояи дили худро шикастан мехоҳанд.  Дар давлате, ки қувваҳои ифротии динӣ амсоли “Давлати исломӣ” амал мекунанд, исломгароҳо зидди ҳам меҷанганд ва ҷудоихоҳиву душманӣ рӯз ба рӯз бештар шуда истодааст. Мусулмон бар зидди мусулмон мубориза мебарад, ӯро маҳкум мекунад, ба қатл мерасонад. Чунин ба назар мерасад, ки дар аксари мамолики исломӣ ҷидол ба миён омадаву дар ҳоли афзоиш аст. Ҳаракатҳои исломӣ байни худ муттаҳид нестанд ва аксаран бо истифода аз дину шариат ҷавононро гумроҳ месозанд ва фиреб медиҳанд. Дар миёни ҷамъият шуру ошӯб меандозанд. Яке аз хатарҳои асосӣ ин аст, ки гурӯҳу созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ вазъиятро ноором мекунанд.қувваҳои тундгаро бо сӯиистифода аз ислом ҷавононро  гумроҳ намуда бо зану фарзандон ва наздикону пайвандонашон ба назди хеш даъват менамоянд. Табиист, ки аксари ҷавонони роҳгумзада дар муҳорибаҳои “Давлати исломӣ” бо неруҳои давлатии Сурияву Ироқ ба ҳалокат мерасанд. Ҷавонони  тоҷике, ки дар сафи ҷангиёни Сурияву Ироқ қарор доранд, ба ҳар гуна равияҳои ифротиву тундгаро шомил шудаанд ва ҷангиён онҳоро ба манфиати худ истифода  мебаранд. Мутаассифона баъзе аз онон нафаронеанд, ки ба хотири ба даст овардани маблағҳои ваъдагӣ ватани орому осудаи хешро тарк намуда бо зану фарзандонашон аз паси ҷангиёни “Давлати исломӣ” рафтаанд. Ва маълум аст, ки ҳаёташон бо чӣ меанҷомад. Чаро дидаву дониста ҷавонони тоҷик ҳаёти худ, зану фарзанд ва наздикони хешро дар хатар мегузоранд? Аз камдонишӣ, ноогоҳиву бехирадӣ ба чунин аъмоли ношоям даст мезананд. Оқибат худ ба ҳалокат мерасанду ҳамсари бовафову ба ҷон пайванд ва кӯдакони маъсумеро, ки ниёз ба меҳри падар доранд, ғуломи ҳалқабаргӯши ҷангиёни хунхор мекунанд? Бедор шавед! Ақли солими хешро ба кор андозед ва амалу кирдори хешро ба тарозуи хирад гузоред!

Бобоева Насиба

Мудири кафедраи забонхои хориҷии

 колеҷи омузгории шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>