Ҳайвонсифат

Ruchka

АНДЕША. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии хоинони миллати тоҷик аз ҳисоби Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Дортмунди Олмон бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ гӯё бо ҷамъ омадани садҳо нафар хоинони аъзоҳои дигар гуруҳҳои террористӣ нишасте доир гардидааст маводҳо паҳн карда шудаанд. Аммо ҳамагон медонанд, ки нишасти хонинон на барои Ваҳдат, балки барои нооромӣ, ихтилофи мазҳабӣ ва амсоли онҳо мебошад. Ин хоинони миллати тоҷик дар хориҷ ҷамъ меоянд, то ки барои хоҷагон хизмат намоянду ба ҷайби худ маблағи ночизеро гиранду барои айшу ишраташон харҷ кунанд. Лекин шумо хоинон намедонед, ки муҳимтарин неъмати зиндагонӣ ин оромию осоиштагии оила, маҳал ва билохира кишвар аст. Бояд ҳар як шахси баору номус тамоми кӯшишу талоши хешро барои ҳамин гавҳари муҳимтарини ҳаёт равона созад. Ин аст, ки барои барқарории сулҳу ваҳдати тоҷикон фарзандони фарзонааш заҳматҳои зиёд кашиданд. На ин, ки мисли шумо хоинони миллат ҳамроҳи хоҷагон барои нооромии Тоҷикистон паси пардаҳо амал карданд. Инчунин чандин нафарро мисли худатон раҳгумзада сохта дар ҷаласаи буҳтониву иғвогароёнаи ТТЭ ҲНИ даъват месозед. Чунки шумо аъзоёни наҳзати исломӣ, “Гурӯҳи-24” ва “Тараққиёти иқтисодии Тоҷикистон” барои манфиатҳои хеш имону инсоф, виҷдону ахлоқи худро бо нархи ночиз фурӯхтаед ва ҷонибдори терроризму ифротгароии дастпарварону хоҷагони худ ҳастанд. Аз ҳамоишу нишастҳои шумо бӯйи хуни бегуноҳону бечорагон меояд, на ин ки ягон амали неке. Таърих амалҳои нангини шуморо ҳеҷ гоҳ фаромуш намесозад. Асрҳо барои насли ояндаи мо ҳамчун хотироти нангине дар саҳифаҳояш сабт месозад. Чанд нафар шумо хоинон боре дарк месозед, ки аз дастҳои хунинатон имрӯз модарони зиёд аз фарзандон маҳрум, чандин ҷавонони зодаи истиқлол бесаробону ятим ва оилаҳои вайрон гаштанд. Дуои бади онҳо ахиран шуморо ба ҷазои сахтарин гирифтор месозад. Имрӯз аъзои оила ва хешу пайвандони шумо террористон бо дили тарсу ҳарос умр ба сар бурда истодаанд. Инак ҳамагон воқиф ҳастанд, чанд рӯз аст, ки аз бемории набераи Кабирӣ дар интернет сару садоҳои зиёд паҳн гаштааст. Кабирӣ ба ҷойи ивғоангезӣ ба табобати он кӯдаки бегуноҳ кушиш намо. Аммо имрӯз дар куҷоӣ? ба беморию марги пайвандон парвое надорӣ? Танҳо фикри ту барои ёфтани хоҷаву маблағгузори нав аст? Ё ин ки барои ташкилу гузаронидани ҷамъомади нави террористиву хоинии дигар банд ҳастӣ? Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш рӯзе фаро мерасад, ки ба бемории кӯдакаки бегуноҳу дӯстрӯяк ба Ҳукумат вобоста мешуморанд. Лекин чораи дигареро надорад. Бояд ягон касро гунаҳгор шуморад. Ин амал танҳо як рекламаи Кабирӣ ва шариконаш аст. Ин террористони наҳзатӣ бо ягон восита ҳар рӯз мехоҳанд худро ба қавле «Звезда»-и интернет созанд. Мо ба он кудак шифои оҷилу комил таманно дорем. Аммо ба ту барин бобои хоину ватанфуруш марг хоҳонем. На ин ки мардуми Тоҷикистон балки хешону пайвандонат низ аз ту барин инсони ҳайвон сифат безоранд.

Лоиқ Тӯйчиев

ноҳияи Деваштич   

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>