«Решаҳои ноаён» — аёнгари хиёнатҳои наҳзат

desktopwallpapers.org.ua_11822

АНДЕША. Дар ҳама давру замон, хусусан дар марҳилаи кунунии вазъи пурихтилофи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки хатари аз байн рафтани ваҳдату ҳамгироӣ моҳияти аслии тамаддунҳо ва арзишҳои волотарини умумибашарӣ ба миён омадааст, таҳкиму такмили иҷтимоигаронии сиёсии насли наврас масъалаи мубрами рӯз, вазифаи муҳимтарини аҳли зиё ва давлат гардидааст. Халқи Тоҷикистон, халқи азобдида мебошад. Гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, аз он ҷумла ТЭТ ҲНИ муқобили давлати қонунӣ баромада, решаҳои ноаёни худро ба ҳар тараф давондаанд, ки ба ҳаёти халқу миллат зараровар мебошанд. Роҳбраи ТЭТ ҲНИ террорист Муҳиддин Кабирӣ роҳи гурезро пеш гирифта, дар хориҷа худро сафед карданӣ мешавад, вале ҳатто аъзоёни каме, ки ҳамроҳи ӯ буданд, аз ӯ рӯй гардонида истодаанд. Саид Қиёмиддини Ғозӣ яке аз тарафдорони Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода буда, ҳоло дар маҳбас буда, ҳамаи кору фаъолияти ғайриқонунии дар давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз расидан ба сулҳу оромӣ анҷомдодаи хешро ба воситаи расонаҳои хабарӣ маълум кард. Ӯ мехост дар Русия ба ҳамаи муҳоҷирони аз Тоҷикистон рафта роҳбар шавад, ки ин хоҳиши роҳбарони давлати Эрон буд, вале ҳамаи нақшаҳои онҳо барбод рафт ва ӯ аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Мо низ аҳли ҷомеаи литсейи №1 тамоми кӯшишҳои худро ба он равона мекунем, ки сулҳу ваҳдати худро ҳимоя намоем, намегузорем, ки касе ба решаи он теша занад.

Рухсора Абдуғаффорзода

директори литсейи №1,

шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>