Терроризм ва ифротгароӣ – падидаҳои номатлуб

pero

АНДЕША. Худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, тараннуми хислатҳои наҷиби инсонӣ, дӯстӣ ва рафоқат, парҳез аз найрангу фиреб ва дурӣ ҷустан аз хиёнат ба давлату Ватан аз рисолатҳои барҷастаи насли муосир ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои дунёро аз хатари терроризм ва ифротгароӣ огоҳ намуда, таъкид кардаанд, ки: «Терроризм имрӯз беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои аҳамияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувории муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст». Терроризм содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Мувофиқи моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси бисёрҳизбӣ сурат мегирад. Ягон идеология, аз он ҷумла ислом, ба сифати идеологияи давлатӣ эътироф карда намешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон, ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомоти давлатӣ ҷудо карда шудаанд ва онҳо ҳуқуқ надоранд, ки ба корҳои давлатӣ мудохила намоянд. Ҳизби наҳзати ислом, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф гардидааст аз номи дини мубини ислом сӯйистифода намуда, мардумро ба гумроҳиву бесарусомониҳо даъват намуд, ки боиси оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва хисороти зиёд ба кишвар гардид.  Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба тарбияи ғояҳои миллӣ дар роҳи солим гардонидани афкори иҷтимоӣ ва башардӯстии насли наврас, парваридани хислатҳои баргузидаи арзишҳои инсонӣ, шараф ва шарафмандӣ ва хидмати беқиёс ва беғараз ба нафъи давлату миллат саҳмгузор бошем. Падидаҳои нахусти тарбият муҳаббат ба Ватани азиз, ба забон, адабиёт, таърих аз хонавода оғоз мегардад. Китобхонӣ, ҳавасманд кардани ҷавонону наврасон, вусъат додани донишу малака, баланд бардоштани маънавиёт ҷавононро нерӯманду қавӣ мегардонад. Фаҳмиши зарурати дар ҷомеаи тоҷик баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ муҳим аст ва ба мардум ёрӣ мерасонад, ки ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ ҳамеша дастаҷамъона мубориза барем.

Муҳиддинова З.Ҷ.,

омӯзгори литсейи № 1

шаҳри Бӯстон 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>