Наҳзат ташкилоти хатокор аст

pottermore-magical-quill-o

АНДЕША. Ташкилоти нахустини ҳизби наҳзати ислом ҳанӯз соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфта, дар марҳалаи аввал ба монанди созмони махфии «Бародарони мусулмон» ба таври пинҳонӣ амал мекард. 26 октябри соли 1991 анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солҳои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористӣ мебурд. Бунёд кардани ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон, ки қариб сад дар сади сокинони он мусулмон ҳастанд, худ тафриқа андохтан миёни мардуми мусулмони кишварамон мебошад. Солҳои 1992-1997 ҳизби наҳзати ислом дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон амал намуда, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст. Масалан, таҳлили фаъолияти беш аз бистсолаи ҳизби мазкур ҳар як шахси солимфикрро ба хулоса меорад, ки пайравони ин ҳизб аз ҳалли муаммомҳои мубрами иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа чашм пӯшида, қобилияти ақлӣ ва зеҳниашонро танҳо ба ҳимояи ришу ҳиҷоб равона кардаанд. Аммо ҳизби наҳзати ислом бар иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабӣ нигоҳ накарда, бо кӯмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстреместӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунонида мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Хиёнати наҳзатиҳо дар санаҳои 04-16 сентябри соли 2015 нақшаи таҳрезишудаи мушаххасе буд, ки бо дасти беруна омода гардида, бо дасти худиҳо бояд амалӣ мешуд. Дар ин қазия дигар ҷойи пӯшида намонд. Дақиқ шуд, ки Назарзода Абдуҳалим Мирзо бо лақаби «Ҳоҷӣ Ҳалим» ва гурӯҳи террористии ӯ бевосита аз ҷониби раиси Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ идора ва роҳнамоӣ мешуданд. Мардуми Тоҷикистон аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки ташкилоти экстреместӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом ба хубӣ огаҳӣ дорад. Хусусан пинҳону ошкоро ва фитнагароёна амал намудани террорист ва хоини миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ ҳамагонро ба ҳайрат мегузорад. Ростӣ чун аз таърихи хиёнаткориҳои наҳзатиҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон баъди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ огоҳем, ин ташкилоти террористӣ ҳамеша беандешиву бадниятиро пешаи хеш қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон мунтазам ва фаъорлият мекнанд. Маҳз чунин андешаву нопоки разилона буд, ки Муҳиддин Кабирӣ бо роҳнамоии хоҷагони хеш бори дигар хостори барангехтани кинаву адоват ва гумроҳкунии мардум гардид. хушбахтона ин гумроҳшуда ба мақсаду ниятҳои нопоки худ нарасид ва нерӯҳои қудративу халқи азиз садди роҳи ин хиёнаткор гардиданд. Эҳсос кардан мумкин аст, ки Кабирӣ пинҳонӣ ҳамчун тири силоҳи хоҷагони хориҷӣ ба сӯи Тоҷикистон равона шудааст, ва худ аз ин ба хубӣ огоҳ аст. Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида дар санаи 29 сентябри соли 2015 аз дҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шу два Ҳизби наҳзати ислом ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ, террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуд. Моро зарур аст, ки дар мубориза бо  наҳзатиён зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки аз чунин тири хоҷагон ба Ватани маҳбубамон осебе расад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз намуданд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб кори осон нест, вале имконнопазир аст. Қадами аввал дар ин роҳ ҳарчи бештар босаводу маърифатнок гардонидани ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар мубориза бар муқобили ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дастаҷамъона бошем.

Хурсандмурод Ниёзов,

омӯзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқи

МТМУ №3-и шаҳри Бӯстон                              

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>