Хиёнатҳои наҳзатӣ

pensaki

АНДЕША. Ҳизби наҳзати ислом ҳамчун ҳизби ҷумҳуриявӣ сабти ном гашта, тибқи модаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ӯҳдадор буд, ки талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд. Бо вуҷуди ин ТЭТ ҲНИ вақтҳои охир ба қонуншиканиҳои пайдарҳам роҳ дода истодааст.

Гургзода оқибат гург шавад.
Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад.

Воқеаҳои охир баръало нишон доданд, ки рафтору кирдору гуфтори Муҳиддин Кабирӣ аз худи ӯ вобастагие надорад. Балки сабру таҳаммули танҳо интизорист. Бо дастури роҳнамоёнаш ҳамеша пайт меҷӯяд. Мисоли махлуқи ҳушёре, ки камин гирифтаю лаҳзаи мувофиқро барои ҳамла ба сайдаш мунтазир мешавад. Мунтазири фапмони кишваре, ки барои шахсӣ кардани муассисаи сохтмонӣ ва базаи он маблағаш диҳад ё худ дод.  Ҳодисаи бо ҳам алоқаманди солҳои қаблу кунинӣ исбот кардаанд, ки Кабирӣ ва дигар ҳамҳизбонаш бо супориш ва роҳу усули нишондодаи хоҷагони хориҷӣ амал намуда, чун ғулому дастнигари бегонагон буду боқи монд. Гурӯҳи террористон бо сардории Ҳочӣ Ҳалим ё худ Назарзода Абдуҳалим, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастёрону наздикони ӯ- эшони Ҷунай, яъне полковник Ҷунайдулло Умаров, сардори яке аз Раёсатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалиётҳои нохалафи хеш хостанд, ки зиндагии осоиштаи халқи тоҷикро ноором сохта, мақсади  нохалафонаи худро амалӣ намоянд. Хушбахтона, ин тири онҳо ба нишон нарасида ах тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурии халалдор карда шуданд. Вақте тири ҳоҷи Ҳалим, эшони Ҷунайд ва ҳаммаслакони террористашон хок хӯрд онҳо мотами дурру дароз ва беохир гирифтанд. Фоҷиаи 4 сентябри соли 2015 бори дигар чашми миллати моро нисбати ҲНИ ва сарваронаш боз кард. Сари таъзим бояд назди миллате фуруд овард, ки баҳои хешро ба ҲНИ дар таърихи 1-уми марти соли 2015 дод. Мардум ин ҳизбро рад кард. Манъи фаъолияташро хост. Ба ҳамагон ҳушдор дод, ки ниёз ба ин ҳизб надорад. Вале наҳзату сарваронаш ин ҳақиқатро қабул кардан намехостанд ва даст ба чунин ҷинояти хиёнаткорона заданд. Зарбаи асосиро  бо террористони наҳзатӣ боз мардуми оддӣ зад. Ҳамду сано бар сокинони Душанбею Ваҳдату Ромит, ки даъвати ин душманони миллатро напазируфтанд. Бо онҳо ҳамро нашуда,  баръакс дар дастгиру нест кардани ин қувваҳои аҳриманӣ  ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯмак расониданд. Ин ҳизб ба амалҳои террористӣ, куштори ҳамватанони мусулмони худ, дар хоку хун ғарқ кардани Ватани хеш қодир аст. Ин ҳизб исломи мусулмонкуш,исломеро, ки ранги сиёҳу торикро байрақи худ кардаву обу замини қисме аз кишварҳои минтақаро бо хуни мусулмон лолагун сохтанд. Ман, ки худ шоҳиди ҷанги бародаркуш будам, ин гуна фоҷиаҳоро бо чашми худ дидааму ва эҳсос намудаам. Мо, аҳли омӯзгорон барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон дучанд кӯшиш ба харҷ дода, ҷавононро ба сӯи фатҳи қуллаҳои нави созандагиву бунёдкориҳо дилгарм намуда, фаъолияти ҳамарӯзаи хешро баҳри пойдории ваҳдати миллӣ, муборизаи беамон бурдан алайҳи ҳамагуна зуҳуроти номатлуб-терроризму экстремизм, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, хуруфотпарастию таассуби динӣ ва фарҳанги бегона тарбият менамоем.

Абдуғаффорова С.,

Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>