ҲНИ сабабгори зиёдшавии сатҳи ҷинояткорӣ гардид

АНДЕША. Ҳар як ҳизб тибқи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизби сиёсӣ» ӯҳдадор  аст, ки талаботи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд. Бо вуҷуди ин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ дод, ки ин боиси вайрон гаштани фикру  ақидаҳои бисёре аз шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон гардид. Мисол: дар зери ниқоби ислом дар хонаҳои истиқоматӣ ташкил намудани синфхонаҳои ғайригигиенӣ ва дар ин синфхонаҳо омӯхтани хатти арабӣ ва қонуну қоидаҳои ислом, дар масҷидҳо ҷалбнамудани хонандагон барои хондани намози ҷумъа ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ боис гардид, ки фаъолияти ин ҳизб мувофиқи қонунҳои амалкунанда бекор карда шавад. Айнан ҳамин амалҳои номатлуби ҳизб сабаб гардид, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон  зиёд  шуд. Асосан аъзоёни ин ҳизб 9 ҳазор нафар буданд, аммо бисёре аз ҷавонон кӯркӯронаба аъзоёни ин ҳизб пайравӣ намуда, ба амалҳои ғайриинсонӣ даст заданд. Дар натиҷа имрӯз пӯшида нест, ки дар давлати Сурия бархе аз онҳо гӯё бар зидди ғайримусалмонҳо меҷангандва дини исломро пурзӯр менамоянд, рафтанд. Аслан мантиқан фикр кунем, ҳизб барои дини ислом лозим нест, зеро вазифаи ислом инсонро ба роҳи дуруст ҳидоят намудан аст, на барои таргибу ташвиқи ҳар гуна амалҳои ғайриинсонӣ . амалҳои номатлуб ин ҳизб сабаб гардид, ки  баъзе аз оилаҳои  тоҷик дар мамлакатҳои бегона сарсону саргардонанд ва фарзандонашон ба меҳри волидайн зор мебошанд. Ғайр аз ин дар натиҷаи корҳои ношоистаи ин ҳизб ҷавонону наврасон ба тақлидкорӣ даст зада, худро аз дигарон фарқкунанда ҳисобиданд. Онҳо либосҳои давлатҳои бегонаро дар бар намуда, хостанд, ки дар байни мардум эълон намоянд, ки либоси намояндагони дини ислом чунин бояд бошад. Аз ин рӯ мо муқобили фаъолит намудани Ҳизби назҳати ислом мебошем. Барои шахси мусалмон ҳизб зарур нест, ислом инсонҳоро бояд ба якдигарфаҳмӣ,  инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, хоксорӣ, ягонагӣ, ободкорӣ ва дигар хислатҳои хуб даъват намояд, на ин ки ба хислатҳои ғайриинсонӣ.

                                                                                  Эшбоева Г.Н.,

                                                           омӯзгор аз шаҳри Бӯстон 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>