Осоишу ягонагиро ҳифз намоем

ХУДЖАНД

АНДЕША. Тоҷикистон тӯли муддати начандон дароз соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона гардида, ба ҳукми давлати мустақил дар олам сабт шуд ва ин дастоварди беҳамтои сарнавишсоз ба воситаи якпорчагӣ ва ваҳдати миллӣ, иқтисоди руштгар, тақвияти мустақилияти энергетикӣ, истиқлолияти коммуникатсионӣ ва кору пайкорҳои дигари созанда ба даст омад. Мусаллам аст, ки тамоми ҷаҳонро бӯҳронҳои иқтисодию сиёсӣ ва молиявӣ пайгиранд. Новобаста ба таъсироти манфии бӯҳронҳои мазкур сарвари давлатсози мо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаллу фасли мушкилоти самту соҳаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса рвона намуданд. Мардуми Тоҷикистон бояд донишу малака ва фаъолияти худро барои устувор гардонидани ягонагии Тоҷикистон ва беҳтар кардани шароити зиндагии халқ равона созанд. Агар мо ба таърихи ташаккули давлати худ назар афканем, зуд пай мебарем, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити вазнини иқтисодии мамлакат нигоҳ накарда, тамоми имкониятҳоро барои тамин кардани раванди муътадили таҳсил, зиндагии шоистаи мардум фароҳам оварда, баҳри беҳтар кардани шароити моддӣ ва иҷтимоӣ табдирҳои муфиди амалӣ меандешанд. Имрӯз Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷараён дорад, ки ин иштироки бевосита ва фаъоланаи шаҳрвандон, ҷавонон, коллективҳои меҳнатӣ, ташкилот ва созмонҳои ҷамъиятиро тақазо менамояд. Туфайли истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои фарҳанги миллиро устувор намуда, беҳтарин арзишҳои фарҳангии худро аз нав барқарор намуд. Миллати фарҳангсолори тоҷик дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ, ба дастовардҳои бузург ноил мегардад. Мо, тоҷикон, бо ифтихори баланд иброз менамоем, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихи миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, коҳи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгир намуданд, ки ин ҳама қудрату тавоноӣ аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.

Ҳ Юсуфова

собикадори ХХДТ

шахри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>