Амали нохайр поянда нест

АНДЕША. Дар равади ҷаҳонишавӣ барои амнияти ҷомеаи муосир фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таҳдиди калон дорад. Ин раванд барои рушди давлатҳо ва фаъолияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муаммоҳои зиёд ба вуҷуд меоварад. Инро дар мисоли давлатҳои Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Либия, ва ғайра дидан мумкин аст. Бояд қайд кард, ки “Ҳизби таҳрир” дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҷонибдорони худро пайдо намуда, барои зиёд кардани тарафдоронаш кӯшиш карда истодааст. Тавре маълум аст, ҳадафи стратегӣ ва асосии “Ҳизби таҳрир” таъсиси хилофати исломӣ дар минтақаи Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ин ҳадаф дар асарҳои тағриботии ҳаракати мазкур “Низоми исломӣ”, “Демократия- низоми куфр аст”, “Сиёсати исломӣ”, “Ҷомеаи исломӣ” ва ғайра равшан баён шудааст. Тибқи ақидаи диниву иртиҷоии  “Ҳизби таҳрир” масъалаи асосӣ барои мусулманони тамоми ҷаҳон таъсиси давлати исломӣ дар шакли хилофат, инчунин ҳокимияти ягонаи мусулманон таъйин кардани халифа мебошад. Ҷонибдорони ин равия ифротӣ душманони ашадии демократия ҳастанд. Онҳо бар зидди ҳама гуна ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад намуда, озодии виҷдон, озодии дин ва мавҷудияти давлати қонуниро инкор мекунанд. Тарафдорони ин ҳизб дар бисёр давлатҳои Шарқи Наздик, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва Лубнон мавҷуданд. Мақсади сиёсии ин ҳизб хусусияти яктарафа, тундравӣ ва террористӣ дошта, он тамоми имконияти созишу гуфтушунидро рад мекунад. Асоси ғоявии “Ҳизби таҳрир” панисломизм, яъне, таъсиси давлати бузурги исломӣ ва дар он зиндагӣ кардани тамоми мусулмонони олам мебошад. Аз ин рӯ, фаъолияти ин гурӯҳи ҷиноӣ аз татбиқ намудани ин таълимот иборат аст. Мувофиқи маълумот соли равон дар вилояти Суғд якчанд гурӯҳи экстремистии динӣ аз тарафи мақомоти дахлдор дастгир карда шудаанд. Чунончи, дар шаҳри Панҷакент гурӯҳе дастгир карда шуд, ки онҳо баҳри ташкили хилофат фаъолият менамудаанд. Онҳо як гурӯҳ ҷавононро барои ҷанг ба давлати Сурия равона намудаанд. Бояд қайд кард, ки равияҳои тундрави динӣ дар ҳудуди шарҳрҳои Исфара, Истаравшан, Хуҷанд, Панҷакент ва ноҳияҳои Спитамен ба таври пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ фаъолият намуда, барои озодии шаҳрвандон ва амнияти давлат хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ низ яке аз шохаҳои хизбҳои тундрави “Ҳизби таҳрир ва “Ҳизбуллоҳ” буда, имрӯз бо паҳни иттилои бардурӯғ дастандаркорони он мехоҳанд ҷомеаро ба тарафи худ моил созанд. Ин ҳизб низ мақсади ҷомеаи исломии фундаменталиро дар нақша дорад ва борҳо кӯшиши табаддулоти давлатиро низ кардааст, аммо тири нохалафон хок хӯрдааст. Имрӯз мо дида истодаем, ки тарафдорони ин ақидаи хурофотпарастӣ аз амали худ пушаймон гардида, майл ба ҷониби рӯзгори осоишта доранд. Амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳаргуна таҷовузҳои зиддиҳқуқӣ ва зиддидавлатӣ таъмин менамояд.Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат масъалаи рақами як бошад, зеро ҳифзи Ватан бақои ҳастии миллат мебошад.

Акрам Мусоев,

устоди ДПДТТ дар

 шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>