Вохӯрӣ дар «Хушрӯз»

КОНИБОДОМ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом гурӯҳи корӣ тибқи накшаи кории кумита  вохӯриву мулоқотҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии «Хушрӯз»мулоқот доир карда шуд. Ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Холматова Х оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, вайроншавии оилахои чавон, Қонунҳои амалкунадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад намуда, зикр кард, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун роҳнамо мебошад. Аз ин рӯ моро мебояд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат кӯшиш намоем, то ки зиндагии худро аз ҳаррӯза дида хубтару беҳтар намоем. Мудири муассиса фаъоли ҲХДТ Набиева М низ дар назди ҷамъомадагон атрофи тарбия намудани кудакону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ободу шукуфон кардани диёр, зинда гардонидани ҳунарҳои мардумӣ, беҳтару шоиста кардани зиндагии хеш,  ки вазифаи ҳар як шаҳрванд дониста мешавад, суханронӣ намуда, аз кормандони чавони муассиса баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҳизб даъват ба амал овард. Дар охири мулоқот барои чавонзанони муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии «Хушрӯз» дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>