Изҳороти Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод

02072018

Рафтори нангин ва разилонае, ки аз ҷониби як гурӯҳ хиёнаткорон дар ноҳияи Данғара бо роҳи пахш кардани сайёҳони хориҷӣ ба амал омад, аз он шаҳодат медиҳад, ки гурӯҳҳои ватанфурушу хиёнаткор дар ин амал даст доранд. Ин қотилони одамсурат, ки амну суботи кишвар ба онҳо заррае фарқ надорад мехоханд нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ халалдор созанд. Ҳайвонсиратон бори дигар чеҳраи манфури худро бо дастури хоҷагони хориҷиашон назди мардуми шарифи Тоҷикистон ошкор намуданд.  Сад дарсад аён аст, ки дар ин амали разилона дасти хиёнаткорони ватанфурӯш аз хориҷи кишвар эҳсос мешавад. Ин ҷавонони беномус бо нақшаи тарҳрезишуда ба сайёҳон ҳуҷум намуданд, то ки вокуниши байналмиллалиро ба вуҷуд оранд. Итминони комил дорем, ҳамаи ҷинояткорон ва саркардагон  аз ҷониби мақомотҳои қудратии кишвар дастгиршуда ҷазоҳои сазовор мегиранд. Раёсати кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ин амали нангинро маҳкум намуда, ҳамдиёрони ватандӯст ва хештаншиносро ба он даъват менамояд, ки дар роҳи ҳифзи субботу оромии кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва бар зиди қотилону хоинони ватанфуруш муборизи беамон бошем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>