Сокинон ҳамлаҳои ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷиро маҳкум намуданд

БӮСТОН. Субҳи имрӯз, 31 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷаласа оид ба маҳкумияти ҳамлаҳои ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷӣ баргузор гардид. Нахуст раиси шаҳр оид ба содир шудани ин аъмоли разилона ибрози назар намуда, баён дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли сокинони шаҳри Бӯстон хабари ҳамлаҳои ноҷавонмардонаро ба сайёҳони хориҷӣ, ки 29-уми июл дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара аз ҷониби бархе аз ҷавонони гумроҳ сурат гирифт бо андуҳи гарон дарёфта, ин аъмоли разилонаву манфур ва хиёнаткоронаи нохалафонро шадидан маҳкум менамояд. Бояд ёдовар шуд, ки ин амалҳои ғайриинсонии гумроҳон кори душманони миллати тоҷик буда, мехоҳанд бо аъмоли зишташон ба маҳбубияти Тоҷикистон дар ақсои олам осеб расонанд. Иброз карда шуд, ки чун соли 2018 дар Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдоми дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидаву дар ин сол ҳузури ҷаҳонгардон ба кишвар ва рушди ҳунарҳои мардумӣ беш аз пеш ба назар мерасад, хоинони миллати тоҷик аз ин пешрафту шукуфоиҳои Ватани азизи мо дидан натавониста ин амали нангинро тарҳрезӣ намуданд. Дар робита ба эҳтироми хоса ва муомилаи неки ҳамидаи инсонӣ ва ба ҷо овардани меҳмоннавозии баланд бо сайёҳон чанде қабл Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат намуда, ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Мамнур Нурзода, мудири шуъбаи маориф Ҷамолиддин Насриддинзода, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзами шаҳр Маҳмадюсуф Қозиев ва раиси маҳаллаи “Сомониён” Кароматулло Баҳодуров ба музокира баромада, ин аъмоли тарҳрезишудаи хиёнаткоронро шадидан маҳкум намуда, зикр доштанд, ки фаъолон ва сокинони шаҳри Бӯстон чун дигар сокинони баору нанги кишвар дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, садди роҳи ҳамагуна хиёнаткориҳорохоҳанд гирифт. Дар интиҳо раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода роҳбарону масъулонро вазифадор намуд, ки дар коргоҳу муассисаҳо байни кормандон маҳкумияти аъмоли хиёнаткоронро ба роҳ монда, баҳри пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ далериву ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>