АМАЛИ НОҶАВОНМАРДОНАИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

андеша

ИЗҲОРОТ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ амали ваҳшиёнаи қатли ҷаҳонгардони хориҷиро бо дарки мавқеи виҷдонӣ ва сиёсӣ маҳкум менамояд. Ин амали ноҷавонмардона, ки аз ҷониби бадхоҳону душманони миллату давлати мо тарҳрезӣ шудаву сабаби ҳалокати 4 нафар сайёҳ ва захмӣ шудани  3 нафари дигар гардид, на танҳо хилофи анъанаю меҳмоннавозии тоҷикон аст,  ки ҳамчунин муқобили аъмоли инсонист.  Дар таърихи миллати мо сафҳае нест, ки дар он қатлу куштори мардуми бегуноҳ дарҷ шуда бошад. Тоҷикон аз қадим мардуми хушахлоқу меҳмоннавоз, хирадманду адолатпарвар буданду ҳастанд. Ин ҳодисаи нохуш ба мардуми соҳибтамаддун ва сокинони меҳмоннавози Данғара ҳеҷ алоқамандӣ надорад ва наметавонад иртиботе ба фарҳангу анъанаҳои неки халқи мо дошта бошад.Ин ҷинояти нобахшиданӣ бори дигар шаҳодати дурустии суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Терорист дин, миллат ва давлат надорад.» Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ аз номи аъзо ва фаъолони ҳизбии ноҳия ба хешовандону дӯстони қурбониёни ин амали нангин изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуда, иброз медорад, ки ин амали ноҷавонмардона наметавонад бозгукунандаи мавқеи сокинони шарафманди Тоҷикистон нисбати сайёҳон бошад.

КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ
ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>