Кирдори разилонаи хоинони Ватан

pottermore-magical-quill-o

ИЗҲОРОТ. Хушбахтона имрӯз дар тамоми дунё номи давлати тоҷиконро медонанд, ба забон меоранд, ҳини садо додани Суруди миллӣ ва оҳанги мутантани он аз сарони давлатҳо то хурду калон ба по мехезанд, ба Парчамаш суҷуд меоранд. Ҳамаи ин ифтихор ва мояи шукри беадад аз Истиқлол ва Ваҳдати миллист, ки бо талош ва кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Баҳри ин сулҳу оромӣ миллати тоҷик чи қадар рӯзҳои вазнинро паси сар кард. Аммо бархе аз нохалафон бар тинҷиву оромии кишвар, ки тамоми пешравиву комёбиҳо аз он сарчашма мегирад, ҳасад мебаранд. Дӯстиву рафоқати дигар мамлакатҳоро бо Тоҷикистон дида, дарун-дарун месӯзанд, зеро онҳо душмани  миллатанд. Фоҷиаи нангине, ки санаи 29.07.2018 сол дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ омад, мо – ҷавонон, занон, собиқадорони ҳизби ноҳияро ба андеша водор мекунад, ки он хоинони миллат тинҷиву оромии кишварро намехоҳанд. Ин амали онҳо амали террористӣ буда, хусусан, нисбати меҳмонони сайёҳ беадолатӣ аст. Ин кирдори онҳо разилона, ноҷавонмардона буда, ҷинояткорон бояд ба ҷазои сахтарин гирифтор шаванд. Ба фикри мо нафрати мардум бадтарин ҷазо баҳри онҳост. Кирдори разилонаи хоинони Ватанро маҳкум мекунем ва ҳамеша омода ҳастем, ки бар зидди чунин душманон мубориза барем.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>