Амали нопоки хонони миллат

Ruchka

ИЗҲОРОТ. Хабари андуҳгини  куштори сайёҳони хориҷӣ дар вилояти Хатлон аз тарафи ҷавонон  ҳамаи тоҷикону Тоҷикистониён ва нигоҳи хориҷиёнро ба худ ҷалб намуд. Аз ин ҳодиса  ҳар як инсони бошуур пай мебарад, ки ин боз бозиҳои ҲТНИТ аст. Дар ин ҳодиса ҷавонон ҳамчун як бозичаи дастии онҳо бози намудаанду халос. Ин нақшаи нопоки  чандвақтаи   хоинони миллат аст,  дар «Соли рушди  сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» барои паст намудани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ буд, онҳо хостанд махсус сайёҳони хориҷии бегуноҳро сайди хеш гардонанд. Аммо онҳо оё медониста бошанд? Худ давогари давлати исломию аммо амалҳои неки исломро фаромуш намудаанд! Куштори шахсе, ки барои сайёҳат намудан барои кишвари мо қадам ниҳода буд, бераҳмона ба ҳамлаи хоинон  дучор гашт.  Охир ба урфияти тоҷикона «Меҳмон   атои худо» набуд?   Ин хоинонро   барои тоҷик ё мусалмон гуфтан  ҳам забон намеравад. Ҷигарбанди 4-солаи худ, ки Ҳамза ном дорад дар талвасаи ҷон мебошаду онҳо ба ҷои наҷот додани   ин кудак ба ҷони меҳмони ҳамлаҳои хоини ташкил мекунанд. Ин ҳам шояд як ҷазои Худованди Карим ба ин инсони ҳайвонсиришт бошад, дар арсаи байналхалқӣ     ҳам номи мубини ислом ва ҳам номи сарбаланди тоҷиконро олуда намуда    аз ҳисоби  хоҷаҳои хориҷӣ  номардона сар бардошта гаштааст. Мо ҷавонон  аз ҳодисаи мазкур хеле андуҳгин гаштем ва таъзия худро ба қурбонгаштагон ва зарардидагон баён намуда гуфтанем.  Нест бод хоинони миллат ва террористон!

ТҶҶ «Созандагони Ватан»

дар ноҳияи Спитамен

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>