Маҳкум мекунем

pensaki

АНДЕША. Ба хотири аз лиҳози иҷтимоӣ ва иқтисодӣ давлати пешрафта гардидани Тоҷикистон ва рушду нумӯъ ёфтани кишвари азизамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Ҳамаи кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби бештари сайёҳон ба ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона шудааст. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ба сӯйи меҳмон теғ накашидааст ва ҳеҷ гоҳ нахоҳад кашид. Аммо воқеаи 29-уми июли соли 2018 ки дар ҷамоати деҳоти Себистони  ноҳияи Данғара рух дод метавонад, ки то андозае ҷалб шудани сайёҳонро ба кишвари азизамон то андозае коҳиш диҳад. Воқеан онҳое, ки ин амалро бо сайёҳони дучархасавор анҷом додаанд (бо мошин пахш кардану боз фаромада бо корт онҳоро куштанд) душмани миллати тоҷику Тоҷикистонанд. Ин ҳодисаи хунину нангин боз як бори дигар исбот мекунад, ки бадхоҳони миллат ҳанӯз ҳам кӯшиш доранд, ки бо дасти гумоштагони зархарид ва бо таҳмил намудани низоми барои мардуми мо бегона  созанд. Ин аст, ки ҳодисаи мазкур набояд Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун минтақаи ноамн барои сайёҳӣ муаррифӣ намояд. Чуноне намояндаи Вазорати туризми арабистони Саудӣ Муҳаммад Алмоҷал дар сафари худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба рушди соҳаи туризм гуфта буд, ки «Кам кишварҳое  дар манотиқи ҷаҳон ҳастанд, ки мисли Тоҷикистон дорои амният ва осоиш бошанд. Зеро мушоҳидаи ин сарзамин ва шодиву лабханди сокинони меҳмоннавозаш худ нишон медиҳад, ки дар ин кишвари кӯҳистонӣ мардумонаш орому осуда мебошанд». Маълум аст, ки Тоҷикистон ягона кишваре нест, ки дар он сайёҳони хориҷӣ ба фоҷеа дучор шуданд. Душманони миллати тоҷик бо ин амали ваҳшиёнаи худ хостанд, то боварии сайёҳонро нисбат ба амнияти Тоҷикистон коста ва «Соли рушди сайёҳӣ»-ро хунолуд кунанд. Ин амал бори дигар собит месозад, ки гурӯҳи ҷиноятпеша ба номи пуршарафи тоҷик доғ меоранд. Ин кирдори разилона бар зидди миллату давлатамон буда , ҷинояткорон ва ё он нафароне ки барои иҷрои чунин кирдор супориш додаанд, бояд ки ба ҷазои сахттарини қонун ва нафрати бепоёни мардум гирифтор шаванд!  Мо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷавонон ва бонувони ноҳия ҳодисаи нанговарро дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон амали номардона нисбат ба Ватани биҳиштосои худ ҳисобида ва шадидан маҳкум мекунем. Минбаъд низ вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ  ва дар ноҳия ба тарбияи дурусти ҷавонону наврасон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудан вазифаи аввалиндараҷаи ҳизбиён боқӣ мемонад.

Худоёров Раҳматулло

Мутахассиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов             

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>