Ҳодисаи нанговарро маҳкум мекеунем

desktopwallpapers.org.ua_11822

ИЗҲОРОТ. Ҳодисаи  ба халқу миллатамон нанговаре, ки  рӯзҳои наздик дар ноҳияи Данғараи ҷумҳурӣ  аз ҷониби  чан тан ҷавонони бенангу ор ва  нохалафи миллат ба вуқӯъ пайваст, дар радифи   мардуми дурандешу сулҳпарвари кишвар,  аъзоёни кумиҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Бӯстонро низ  нагузошт, ки бетараф бошанд. Дар ин росто  фаъолзанон ва собиқадорони ҳизби  шаҳр дар ҷамъомади ғайринавбатӣ ба саволҳои ба миён омада сари ин масъалаи муҳим, ки фоҷиаи кишварҳои баҳамдӯст буда,   метавонад, обрӯю эътибори  уствори халқи тоҷикро доғдор намояд, посухҳои амиқ ҷуста, ҳар як атрофии ин масъала ақидаҳои хешро иброз намуданд.   Магар ин пеш аз ҳама каммаърифатӣ, ноогоҳӣ, номардиву сангдилии ин чанд тан ҷавон эҳтимолияти сар задании фоҷиаи миллӣ нест? – Бале,  ҳар як шахси ватандор бояд пеш аз ҳама ба фарҳангу таърихи миллати худ арҷгузор буда,  хусусиятҳои амнияти миллиро болотар аз  манфиатҳои шахсӣ ва ҳатто ҷони хеш донад. Ин аст масъулияти  ватандориву хештаншиносӣ.  Ин ҳодисаи  нанговар аз он  шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат  бархе аз ҷавонони мо аз фарҳангу адабиёти миллатамон фарсахҳо дур гардидаанд, дарк намекунанд, ки воқеан адабиёт ва фарҳанги миллӣ  муҳимтарин ҷузъи системаи амнияти  миллӣ мебошад. Осори гаронбаҳои фарзандони фарзонаи миллат саросар тарғибгари  мардонагиву қаҳрамонӣ, ватандӯстиву ваҳдатпарастӣ буда, хислатҳои  бади инсонро зери тозиёнаи танқид  қарор доданд. Дар ҳақиқат, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки  масъалаи ҳифзи амнияту миллат  аз масоили таълиму тарбия, ки меҳвари давлатдориро  ташкил медиҳад, асос мегирад. Бо кирдори  ношоями як нафар шаҳрванди сустиродаву  беандеша  матавон  Ватани бузург аз ҷиҳати манфӣ ба хориҷиён  муаррифи гардад.

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офараниш зи як гавҳаранд.

Агар узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад у қарор

ҲХДТ дар  шаҳри Бӯстон

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>