Мардуми мо ҷонибдори сулҳ аст

андеша

ИЗХОРОТ. Ҳодисаи санаи 29 июли соли ҷорӣ сарзада, тамоми мардуми Тоxикистонро ғамгин сохт. Зеро дар соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки ҳадафи асосии давлат ва саъю талошҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвари офтобрӯямон мебошад.  Ҳодисаи дар қаламрави Ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара рухдода, ки дар натиҷа  4 сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расида, се нафарашон маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои манбаъ ин сайёҳон тавассути велосипед дар қади роҳ ҳаракат доштанд. Онҳо, ки намояндагони давлатҳои Шветсария, ИМА ва Ҳолланд буданд, дар натиҷаи бо мошин пахш кардан 4 нафар ҳалок ва се нафар захмӣ гардидаанд. Гумонбаршудагон дастгир гардида, ҳодиса мавриди тафтишот қарор дорад. Фарзияи аввал ин садамаи нақлиётӣ бошад, дар сомонаҳои Интернетӣ таҳлилу фарзҳои гуногун нашр гашта истодаанд. Дар кадом ҳолате, ки набошад, мардуми тоҷик ҳаргиз нисбати меҳмон номеҳрубонӣ нахоҳад кард. Мардуми мо ҷонибдори сулҳ аст. Аз ҷинояти содиркардаи ҷавонони тоҷик кулли ҷавонони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба ҷои он, ки маданияту фарҳанг манзараҳои зебои кишварамонро муаррифӣ созем, бо як иқдоми нопок нисбати Тоҷикистону тоҷикон нафрати хориҷиёнро бедор намудед. Ин ҳодиса бояд моро сарҷамъ созаду нагузорем, ки бадхоҳони миллату давлат ҳодисаи нангини дигареро бор насозанд. Зеро Тоҷикистон ободтару зеботар хоҳад гашт, Шумо бадхоҳон ба мақсадҳои нопоки хеш нахоҳед расид.

Аъзоён ва ҷонибдорони НТҶҶ

«Созандагони Ватан»-и ноҳияи Деваштич                            

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>