Сайёҳонро эҳтиром ва эҳтиёт кунем

pero

ИЗҲОРОТ. Фоҷеае, ки рӯзи 29 июли соли равон дар Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара  ба амал омада боиси ба ҳалокат расидани чор нафар сайёҳони хориҷӣ гардид, мо сокинон, аз ҷумла, ҷавонони шаҳри Панҷакентро низ хело андуҳгин намуд. Ин ҳодисаи мудҳиш дар айёме ба амал омад, ки дар Тоҷикистон соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, то ин муддат сайёҳони зиёде аз Тоҷикистон дидан намуданд. Ин кори душманони миллат буда бояд, иштирокчиёни он ҷазои сазовор гиранд. Сабаб чи бошад, ки як гуруҳ нотавонбинон пешрафти давлати тоҷиконро дидан намехоҳанд. Ва ин ҳодисаи рухдода низ эҷоди монеаи дар пешрафи рушди сайёҳӣ мебошад. Лекин онҳо ба ин мақсади ғаразноки худ намерасанд. Бояд зикр намоем, ки ин ҳодисаи мудҳиш касеро бетараф нагузошт. Ҳодисаи ба ҳалокат расидани шаҳрвандони кишварҳои Амрико, Швейтсария ва Нидерландия-  сайёҳони велосипедрон  аз ҷониби ронандаи автомобили сабукрав ва ҳамроҳони нотавонбини он боиси андўҳ ва таассуфи бепоёни мо  сокинони шаҳри Панҷакент низ гардид. Мо сокинон ва ҷавонони шаҳри Панҷакент ба наздикони фавтидагон ҳамдардӣ изҳор намуда, ба хонаводаи онҳо сабри ҷамил мехоҳем. Инчунин, мо сокинони шаҳри Панҷакент миннатдории худро ба мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саривақт  ошкор ва дастгир шудани ҷинояткорон изҳори минатдорӣ баён менамоем. Бигузор онҳо ҷазои сазовор гиранд. Мо аз меҳмонон ва сайёҳон хоҳиш менамоем, ки беягон рӯҳафтодагӣ, мамоният ва дилпуронаю хотирҷамъона ба ватани мо биёянд. Зеро сайёҳонро бояд эҳтиром  ва эҳтиёт бояд кард!

КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>