Аз бадгавҳарӣ касе ба мақсад нарасад….

7a2faf6682afe4e140f7674dbb5q--suveniry-i-podarki-imennoj-nabor-kozhanyj-ezhednevnik-i-ruchk

ИЗҲОРОТ. Дар ҳамаи давру замонҳо маърифати инсонӣ ҷараёни хеле вусъатнок ва гуногунҷабҳаи зеҳнию иҷтимоист, ки падидаҳои матлубу номатлуб маҳз дар раванди ҳамин ҷараён идроку тафсир, таҳлилу баррасӣ шуда, бо гузашти солҳову қарнҳо арзиши ҳақиқии худро пайдо мекунад. Пешрафт, ташаккул, таҷдиди ҷамъият аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи маърифат ва идроку фаҳми фарди ҷомеа вобастагӣ дорад, зеро инсон дар доираи тафаккуру ҷаҳонбинии давр андешаронӣ менамояд. Ваҳдати кулл ва соҳибистиқлолияти кишвари азиз — Тоҷикистон, хештаншиносӣ, ватандориву меҳанпарастӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри фардои милат, таълиму тарбияи солиму солеҳи насли ояндасози кишвар, рушди босуботи иқтисодӣ — иҷтимоии он ва ниҳоят расидан ба зиндагии шоиста аз масоилҳое мебошад, ки мунтазам ва ҳамеша дар сархати баромад, амру фармон, дастуру супориш ва Барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Раиси муаззами ХХДТ мухтарам Эмомалй Рахмон аз масоилҳое мебошанд, карор доранд. «Шукронаи ин давлату миллат кунед! Шукронаи сулҳу амният, ваҳдат, шукри озодиву ободии диёр кунед!» -ин нуктаҳо ҳамеша вирди забони Президенти кишвар ҳар куҷое ӯ садри маҳфилҳову маҷлисҳост хеле баланд ва бо тафохури миллӣ садо медиҳад. Имрӯз хештаншиносӣ ва ватандӯстиву ватандориро аз фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд омӯхт. Маҳз маърифати воло ва адолатгустарии Пешвои миллат буд, ки феълан Тоҷикистон озоду обод умр ба сар мебарад. Ҳама шоду хурсанд, ҳар яке аз паи созандагиву ободкорӣ баҳри татбиқи амалии ғояҳои хирадмандона ва ташаббусҳои беназири давлату Ҳукумат камари ҳиммат бастаанд. Вале, мутаассифона, баъзе аз ашхоси бадгавҳару кинаҷӯ имрӯз баҳри он талош доранд, то ба сулҳу амният ва суботи сиёсии кишвари ороми мо халал ворид созанд, ба амалҳои нопоку носолим даст зада амнияти мардумро нороҳат созанд. Ноҷавонмардона аз тарафи ашхоси шомил ба ДИИШ, ки чор тан аз сайёҳони бегуноҳро ба қатл расонида, имрӯз худро «қаҳрамон» меҳисобанд, мо нисбати эшон нафрин мехонем, онҳо инсонҳои солиму солеҳ нестанд, гумроҳу раҳгумзада, беору беномус, бевиҷдону беимон….  Аломатҳои аҳриманӣ — рашк, хашм, кина нопокдинӣ, носипосӣ, бедонишӣ дар ботини эшон маскан гузида. Мақсади нопоки онҳо якест: дунёи инсонҳоро тираю тор созанд…  Эшон аз сохибдилӣ, ихлосу сипос, покравӣ, сарбаландӣ ва волоназарӣ фарсахҳо дур ҳастанд! «Гурӯҳи сарбозони хилофат» дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне мебошанд, ки аз ҷиҳати нотавонӣ кинаву адоват меҷӯянд, ки ин яке аз пастиҳои башарист. Яъне аз гӯшаи нотавонӣ ба дил бадиро ҷой доданд ва дар пайи хиёнати нафарон — сайёҳони бегуноҳ ва ноҷавонмардӣ шуданд. Эшон ҷасорату мардонагии хешро дар ноҷавонмардӣ мебинанд, ки ин ба иззату шаъни инсонӣ ва бузургӣ созгор нест! Онҳо бо ин амали аҳриманӣ ва нопок бори дигар ба собит расониданд, ки соҳиби фазилатҳои волои ахлоқӣ, таҳзиби нафс ва посдории меҳану меҳандорӣ нестанд. Ҳар рӯз дар талошу ҷустуҷӯ нестанд… зархаридоне ҳастанд, ки бо амру фармоиши зархаридони дигар ба амалҳои нобахшиданӣ даст мезананд, фикри мустақили хешро надоранд, онҳоро ба мазраае ташбеҳ бояд дод, ки омода нест ва бар он тухм афшондан бефоида аст. Тафаккури солиму солеҳ, иршодгару ояндасозу ояндабин дар ҳоле рӯйи кор меояд, агар ҳамеша дар заминаи донишу маърифати дарккунӣ, муқоисаву баррасиҳо нашъат ёбад. Сад афсӯс…, ки ин вежагиҳо хоси ин гуна афрод нест! Даст задани ин ашхос ба куштор шаҳодат бар он аст, ки онҳо аз муваффақият, ташаббусҳои беназири давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Соли 2018 — Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки баҳри беҳдошт ва  баланд бардоштани некуаҳволии мардум нигаронида шудаасту комёбӣ ва дастовардҳои беназир ба шумор меоянд, халал ворид намуда, бад-ин васила мехоҳанд Тоҷикистонро ба чашми давлатҳое, ки бо мо робитаи дустӣ доранд, ноорому ноосуда ва хатарзой муаррифӣ намоянд, вале бе хабар аз онанд, ки кишвари мо дар ҳама маврид метавонад худро аз ин дасисабозиҳои бемаънӣ эмин нигоҳ дошта бошад. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва фаъолони он аз марги сайёҳони хориҷй, ки ба дасисаи чанд тан аз нобакорону зархаридон ҷон ба ҷаббор супурданд, андуҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони онҳо сабри ҷамил аз даргоҳи Худованд хохонанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>