Барои рушди ҷомеа меҳнати содиқона менамоем

novyy_risunok_1

ДЕВАШТИЧ. Дар толори Чамъияти матлубот маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид. Дар маҷлис ҳисоботи фаъолияти КИ ҲХТД дар шаш моҳи авали соли 2018, тасдиқи нақшаи фаъолияти ҳизб барои нимсолаи дувуми соли 2018, тасдиқи қарори «Обуна 2019» ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳисоботи ҷамъбасти нимсоларо Раиси КИН ҲХДТ дар ноҳия Комрон Исмоилзода иро карда доири иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи марказӣ ва вилоятӣ ҳарф зад. Инчунин бобати тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мулоқоти фаъолони кишвар, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва дар самтҳои дигар корҳои басомон расонидаро ба саҳми ҳамагон расонид.  Инчунин барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти КИ ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҷониби аъзоёни раёсат ва иштирокдорон фикру мулоҳизаҳо пешниҳод гардида, мавриди музокира қарор гирифт. Ҳамзамон ҷамъомадагон маводҳои гуногуни таблиғотӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>