Ситоди «Обуна-2019»

бғ ситод

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Санаи 30-уми июли соли ҷорӣ дар толори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситоди кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ баргузор гардид. Дар ин ситод оид ба масъалаҳои муташаккилона  гузаронидани маъракаи «Обуна — 2019» ба нашрияҳои «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» масъалагузорӣ карда шуд. Ситоди ноҳиявиро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода А., оғоз намуда, аъзоёни ситодро  бо фармоиши кумитаи иҷроия ва вазифагузориҳо, меъёри муқаррарнамудаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ мувофиқи  КИИ ва ташкилотҳои ибтидоии минтақавӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия  шинос намуд.  Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки маъракаи  обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ  фаъолияти ҳамасолаи кумитаи иҷроия маҳсуб ёфта, дар ин самт кумитаи иҷроия, аъзоёни ситод  таҷрибаи кофӣ доранд. Анварзода А., аъзоёни ситодро вазифадор намуд, ки корҳои тарғиботиро оиди обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ пурзӯр намуда, сафи хонандагонро зиёд намоянд ва бо ин васила баҳри тарғибу ташвиқи ғояҳои барномаи ҲХДТ саҳмгузор бошанд.  Дар охир иштирокдорони ситоди ноҳиявӣ ваъда доданд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани вазифагузориҳои ситоди имрӯза   чора – тадбирҳои иловагӣ андешида, барои дар мӯҳлати муайянгардида иҷро намудани нақша кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>