Вохӯрии судманд бо аҳли деҳа

конибодом вохури

КОНИБОДОМ. Тибқи нақшаи чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо Ҷамаоти деҳоти Пӯлодон моҳҳои июл- август вохӯрӣ бо тамоми аҳли деҳаҳои Ҷамаот ба нақша гирифта шудааст.  Дар чойхонаи деҳаи “Таги мадраса”- и ҷамоти деҳоти Пӯлодон бо мақсади тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” бо иштироки аҳли маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Ализода Н – раиси Ҷамаоти деҳот, Холматова Х- ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, Мамадҷонов А раиси кумитаи маҳалла иштирок доштанд.   Сараввал Холматова Х- ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар бораи мазмун ва бобҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ва намудҳои хушунат бо мақсади пурзӯр намудани фишангҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар ҷомеа, шароити мусоид фароҳам овардан барои донишандӯзӣ ва касбомӯзии занон ва духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  маҳсуб меёбад,   баромад намуд.  Зимни баромади худ ӯ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз ба монандӣ: оид ба тозаву обод нигоҳ доштани маҳалли зист. зиёд гардидани вайроншавии оилаҳои ҷавон, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, омӯзиши касбу ҳунар, тарбияи фарзандон ва масъулияти падару модар дар оила гуфта гузашт.   Сипас Ализода Н- раиси Ҷамоат оид тозаву обод нигоҳ доштани маҳалли зист, оид ба кофтани ҷӯйборҳои ҳудуди маҳалла,  пардохтани андози маҳаллӣ дар нозироти андози шаҳр, таъмини деҳа бо оби нӯшокӣ, сари вақт бардоштани партовҳо ва дигар масъалаҳо фикру ақидаҳои худро иброз намуд. Дар баромади худ Мамадҷонов А- раиси маҳалла оид ба тозаву обод нигоҳ доштани  маҳаллаи худ, оид ба бастани шартнома бо КВД “Ободкор”, тармиму таъмири кӯчаҳои ҳудуди маҳалла, аёдати шахсони яккаву танҳо, маюбон, оилаҳои камбизоат ва ғайра маълумоти мухтасар дод. Чунин вохӯриҳо дар ҳудуди деҳаҳои Ҷамоат идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>