Вохӯриву мулоқот бо соҳибкорони маҳаллӣ

бғ соҳибкорон

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар КИИ минтақаи Ёва вохӯриву мулоқот бо соҳибкорони маҳаллӣ таҳти раёсати роҳбари гурӯҳи корӣ сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Анварзода Ш ва аъзоёни гурӯҳи корӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода А., сардори шабакаҳои барқии ноҳия Юнусов И., сардори филиали КВД “Тоҷиксуғурта” Файзуллоев Р., баргузор гардид. Зимни баромад роҳбари гурӯҳ ва аъзоёни гурӯҳи корӣ қайд намуданд, ки бо мақсади ободонию кабудизоркунии маҳалли зист эълон гардидани 1300-рӯзи меҳнати зарбдор, вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, бо ҷалби аҳолӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, инчунин саҳни биноҳо аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шаванд. Дар навбати худ сокинон, соҳибкорони маҳаллӣ, раисони маҳаллаҳо ваъда доданд, ки барои шағалпӯш намудани роҳҳои маҳали зист, ҷароғонкунии кӯчаҳову мавзеъҳои истироҳатӣ, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ саҳми худро мегузоранд. Ингуна вохӯриву мулоқотҳо дар дигар маҳаллаҳо низ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>