Ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид

чр

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов натиҷаи фаъолияти аҳли кормандони КИН ҲХДТ, ки дар зарфи 6 моҳаи аввали соли равон ба вуқӯъ пайваста буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он муовини раиси ноҳия Эгамзода Зулола Анварӣ, аъзоёни Кумиҷроия, вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони Ҷамоатҳо, аъзоёни фаъоли ҳизб, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонон ва занону духтарони фаъоли ҳизб иштирок намуданд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии КИН ҲХДТ масъалаҳои зерин: «Ҳисобот оиди фаъолияти КИН ҲХДТ дар нимсолаи аввали соли 2018», «Тасдиқи нақшаи кории КИН ҲХДТ барои нимсолаи дуюми соли 2018», «Тасдиқи қарорҳои Ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзоёни нав», «Даровардани тағйирот ба ҳайати аъзоёни раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов» ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуданд. Роҷеъ ба фаъолияти КИН ҲХДТ дар нимсолаи аввали соли 2018  муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон баромад намуд. Раиси ТИ ҲХДТ «Фарҳанг» — Юсуфӣ Ф., муовини роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар КМО-и ноҳия Исмоилова М., раиси ТИ ҲХДТ «Ҷамоати деҳоти Деҳмой» — Ғаффорзода А., раиси ТИ ҲХДТ «КАТС» — Одинаев Р. ва муовини раиси ноҳия Эгамзода Зулола Анварӣ ба музокира баромада, кору фаъолияти КИН ҲХДТ дар зарфи нимсолаи аввали соли 2018 қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Дар охир ба ҷавонони фаъол шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>