Нақши анъанаҳои миллӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

панчакент

ПАНҶАКЕНТ. Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад. Эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ, аз як тараф истеъдоди баланди тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохта, аз тарафи дигар, барои паст кардани сатҳи бекорӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Бояд зикр намуд, ки дар ин асос яке аз дастгириҳои саривақтии Сарвари давлат ин аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона  ва рушди ҳунарҳои мардуми аз 1-уми январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳама намудҳои андоз озод гардид. Бо мақсади боздид, шиносоӣ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, шиносоӣ бо фаъолияти занони хонанишин кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба Ҷамоати деҳоти Суҷина омаданд. Дар суҳбат соҳибкор, аъзои ҲХДТ Маҳмудова Ҳафиза аз деҳаи Сӯҷина иброз дошт, ки тасмим гирифтааст дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар хонаи истиқоматиаш ба қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ машғул шавад. Бо ин мақсад ӯ зиёда аз 30 нафар занону духтарони хонашини  деҳаро барои омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудааст. Маҳмудова Ҳафиза зикр намуд, ки дар оянда барои ҷавондухтарону занони хонанишини деҳа як корхонаи дузандагӣ сохта ба истифода медиҳад, то ки онҳо бо ҷои кори доимӣ таҳмин шаванд. Парвина Тошева- муовини Раис, мудири шӯъбаи кор бо занони  КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, Раҳматов Шерзод- мудири шуъбаи ташкилӣ ва Бобобевова Зулфия- мутахассиси шуъбаи тарғибот ва иттиллот дар мавзӯҳои муҳими рӯз бо бонувон суҳбат намуда, таъкид доштанд, ки бештар занони хонашинро барои омухтани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофи ҷалб бояд кард ва дар идомаи суҳбат занону духтаронро даъват карданд, ки тарғибгари либосҳои миллӣ бошанд ва  пеши роҳи паҳн намудани фарҳанги бегонаро  бигиранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>