Маориф-самти пешбарандаи ҷомеа

деваштич маориф

ДЕВАШТИЧ. Дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Деваштич бахшида ба оғози соли нави таҳсил Шӯрои омӯзгорон баргузор гардид. Мудири шeъбаи маориф Зикрулло Иброҳимов қайд намуд, ки соли таҳсили сипаришуда тамоми омӯзгорон саъю кушиш намуданд, ки сатҳу сифати дониши хонандагон  дар муассисаҳои таълимӣ баланд шуд. Самараи меҳнати устодон буд, ки имсол тариқи Макази миллии тестӣ хонандагон нисбати соли гузашта ба макотибҳои олӣ ҳуҷҷат супориданд. Дар баробари муваффаrиятҳо як қатор камбудию норасоиҳо низ ба назар мерасиданд. Омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли  хониши 2018-2019 мувофиқи мақсад ба роҳ монад шуда, таъмири куллии муассисаҳо, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва лавозимотҳои хониш, инчунин омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мувофиқи идома дорад. Муовини Раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода зимни баромад доири бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҳарф зад, вазифадор намуд, ки масъулин дар соли нави хониши 2018-2019 барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии хонандагон, тарбиятнокии онҳо аз ҳоло тадбирҳои зарурӣандешанд. Умед аст, ки соли нави хониш бо омодагии ҳаматарафа оғоз хоҳад шуд. Инчунин ба кори Шӯро бо вазифагузориҳои навбатии соли хониши дар пешистода ҷамъбаст карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>