Идомаи фаъолияти “Шурои муросо”

бғ шуро

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар толори ҷамоати деҳоти Ғозиён ҷаласаи навбатии “Шӯрои Муросо” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Осимова Д., мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занон Солиева М., аъзоёни Шӯро, раисони маҳалла, собиқадорони меҳнат,домулло ва бибиотунҳо баргузор гардид. Дар ҷаласаи навбатӣ масъалаи ҷанҷоли 5 оилаҳои ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ба эътидол овардани ҷанҷоли оилавӣ аз ҳадафҳои асосии ин шӯро мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби сар задани ҷанҷол дар оила омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ, пеша накардани сабру таҳаммул аз боварӣ баромадани зан ё шавҳар, зӯроварии хушдоман ва шавҳар ба арӯс, истифодаи телефони мобилӣ, муроҷиати меҳнатии шавҳар. Агар кас амиқу саҳеҳ таҳлил намояд, омилҳои нишондодашуда омилҳои ҷиддӣ набуда падару модарон барои тарбияи оилаҳои ҷавон ҷиддӣ машғул нестанд. Пас аз баромади аъзоёни шӯро ду оила муросо шуда, ба се оила боз мӯҳлат дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>